Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Шушро дифоъ накунанд. Он ҷо хазинаи бузургу беназире воқест. Хазинадорон чун донистанд, ки Искандаршоҳ наздик омада, ҷуръати бурдани ганҷро надоранд.
— Филоксен чӣ кунад?
— Расидани шоҳро нигарон.
Шоҳи зарҷўй аз гардуна гузашт ба пушти зини асби сиёҳмушкин ва маҳмез заду чаҳорнаъл гардонд Бусефалро. Нигоҳ накард ва нагуфт, ки марди соҳибмансаб роҳашро идома диҳад ва ё баргардад бо эшон. Ў миёни ғубори роҳ бозмонд ва лашкари мақдунӣ ба чашмаш нанамуд.
1 Субҳи бистумин рўзи роҳпаймойӣ дар рустои Элом пури
2 Абўлит ба пешвози Искандар омад ва номаеро ба ў супурд. Чун шоҳи мақдунӣ печи номаро боз кард, номи Филоксен дар он бидид, ба гуфтаҳои марди соҳибмансаб бовар кард ва аз сарбозон пурсид: «Куҷо шуд он мард?» Посух доданд: «Мо, ки медонем, миёни абри ғубор монд, дигар надидем.» Искандар афсус хўрд, ки он мард сазовори ҳадя буд.
Ва он рўз сипоҳи мақдунӣ биломонеъа ба шаҳри Шуш даромад.
Ҳокими Шуш Абўлит чун аз ҷанги Говгомол ва фирори шоҳ Доро ва ихтиёрӣ тобеъ гаштани Бобулу бобулиён сабақ гирифта буд, бо нону намак ва карраною сурной ба истиқболи шоҳи ҷаҳонҷўй баромад. Абўлит андешида буд, ки танҳо бо хубиву некӣ ва бахшишу эҳдо метавонад чун Мозаи бобулӣ побарҷо монад; мансабу курсии хешро нигаҳ дорад. Аз ин рў сарнахуст шаҳри Шуш ва калиди хазинаи мулкро ба шоҳи мақдунӣ бахшид: Ин пойтахт аз эломиҳо монда, ки қабл аз ҳахоманишиҳо давлатдор буданд. Ҳама дар рўзномаву сафарномаашон қайд карданд, аз ҷумла, Искандар низ.
Баъди хазинаи Бобул Искандар ҳавасманд буд, ки ҳар ганҷурро зудтар бубинад ва ҳамон ки калиди хазинаи Шуши эломиҳоро гирифт, осемаву беқарор гашт, ки ҳама умр бо нўки сўзан ғункардаи эломиҳои ватандорро дар як он бо панҷшоха бод диҳад.
Ҳолиё чун девонаи ганҷёфта ва аждари дар ганҷур хуфтаро дида, арақшор вориди хазина гашт. Музтарибҳол буд, ки ин қадар дороиро кӣ ўро ройгон бахшад? Ҳама чизро фаромўш кард. Аз мағзи сараш гузашт: «Аҳмақ ду бор пушаймон шавад: бори нахуст бегонаро худӣ хонад, бори дигар ганҷинаро ба ў монад.» Ва худ ба худ мегуфт: «Ин қадар такопўи ман барои ҳамин зардакҳо буд, то воми падару қарзи мақдуниёнро адо кунам.»
- Элом – пойтахти қадимаи Порс.
- Абўлит – ҳокими Шуш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо