Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Оре, ту ҳеҷ чизро дарку дарёб карда наметавонӣ. Зеро Эрон туро бегона бувад. Гоҳе ки Искандар Бохтарро пахш кард ва чаҳор дасту поят аз осмону замин канда шуд, хоҳӣ фаҳмид, ки …
— Шоҳ дуруст фармуданд: агар шоҳу сипаҳсолор чунинанд; забони порсиро намефаҳманд, Искандар то Суғд низ хоҳад расид.
Шоҳ ин ҳарфро бо даҳони пур мегўянд пўстак ба рўй кашида.
— Ман чунин ҳарфро ба Бесус барин ватанпараст мегўям.
— Бесус чун Спитамони суғдӣ, чун Спитамон Зартушти пайғамбар марзу бунашро дўст хоҳад дошт, аммо хавфаш аз хоинон бувад, ки…
— На, Бесус ватанашро дўст надорад, таъна бар шоҳ заданро дўст дорад. Зеро донад, ки шоҳ одил бувад ва раҳмдил, вагарна тавонад чунин волии рўйинатанро пўст канад ва ба чашмаш намояд, ки меҳри ватан чӣ гуна хоҳад буд… Сад афсўс! Волии Бохтар дигар чизро чашмдор аст: марги Дороро…
— Чунин нагўед, шоҳ! Ман содиқ бошам шоҳро. Агар сахт гуфтам, аз дилсўзӣ гуфтам.
Шоҳ Доро, ки то ин дам сахт абрў кашида, ҷиддӣ сухан мегуфт, баланд хандид:
— Ту содиқӣ?! Шоҳи Бохтар? Бесуси гургошнову гургоштӣ?!
На-а-а… Оби рўдбор ҳарф ба ҳарф суханони туро чида, ба олам паҳну парешон кард.
Бесус ларзид; нахуст дил, пасон пояш ларзид; хешро дошт, то танаш наларзад, ки шоҳ пай барад. Симои зишту бади Моҳуй пеши назараш омад, ки мў ба мў расонда гуфтаҳояшро. Вале чун медонист, ки шоҳ чандон пурбардор нест ва агар Моҳуй чизе оварда буд, кайҳо ба рўйи Бесус мекашид; таънаборон мекард, хешро ҳайратзада вонамуд, китфон дарҳам кашид:
— Нафаҳмидам… нафаҳмидам, ки об чӣ ҳарфе гуфта шоҳро?
— Хоҳӣ фаҳмид.
Гумонаш яқин шуд, ки Моҳуй гуфта ба шоҳ сўҳбати рўйи обро.
Ва ҳоло шоҳ нигарон аст, ки ў даст пеши бар бо тамаллуқи шарқӣ аз дар дарояд ва ҳама сирру асрор ошкор созад. Аз рўйи эҳтиёт ва барои дами обро бастан фармуд:
— Пиндори хато ба сари шоҳ омада ё касе ўро аз роҳ зада.
Ҳокими Бохтар фикри шоҳӣ дар сар надорад. Ў донад, ки шоҳи тасодуфӣ оқибат хандахариш гардад… Зеро ҳама шоҳони ҳахоманишӣ тухмаву дудмони шоҳӣ доранд ва чун Искандари Мақдунӣ шоҳи тасодуфӣ нестанд. – духўра буд сухани Бесус ва ба Дорои Саввум низ мерасид. Аммо Доро ба худ накашид, ки хубӣ надорад.
– Шоҳзода бояд шоҳ шавад…
— Чаро ин суханонро дар рўйи об нагуфтӣ?
— Дар рўйи об ҷуз дар ситоиши шоҳ Доро ҳарфе набуд.
— Рост гўйӣ?
— Рост гўям…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор