Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Бифармо! Бифармо! – шерак шуд шоҳ, ки баъди сипаҳсолор хондани Набарзан ў дар ситоиши сарвари мулк хуш гўяд.
— Пўзиш аз шумо…
— Гуфтам: бифармо!
— Ба чашм чунон расад, ки шоҳаншоҳи Эрон Дорои Кудумон аз даргириҳо ва оварду набардҳо ва давуғеҷҳо, тартумартҳои душман ва ҳазимату фирорҳои ғайричашмдошт хеле хаста шуда.
Аз ин рў хулосаи ройсозӣ чунин аст, ки шоҳаншоҳи Порс каме орому осуда бошанд – фароғату истироҳат кунанд ва муваққатан, такрор мекунам, муваққатан ҳокимиятро ба сатрапи Бохтар Бесус супоранд…
Ғалмағал шуд. Гарчӣ Дорои Саввум «ором», «хомўш» гўён сипоҳигарӣ мекард, дашна бар обгина мезад ва пой бар зертахт мекўбид, касе эътибор намедод. Ва одамон мисли қатраҳои симоб муҳаррик буданд; ин сўву он сў рафта ба якдигар даккаву бархўрда миш-мишу бехгўшӣ мекарданд; оқибат ба ду гурўҳ ҷудо шуданд.
Гурўҳе гирди шоҳаншоҳ ва гурўҳи дигар атрофи Бесусу Набарзан шуданд. Набарзан, ки ба оромӣ ва сабру бардошт мехонд ҳамаро, бехабар монд, ки ноаён ду ҷабҳа ташкил шуд. Хешро дар ҳолати нобобу ногувор дарёфт. Дуздида ба Доро нигарист. Чашмони шоҳаншоҳ ду косаи ғазаб шуда буд.
— Гуфтам!… Гуфтам, ки шумо нокасон зидди ман якқавла шудаед!… Гуфтед, ки на! Гуфтам, ки шумо кўрнамакед! Гуфтед, на! … Гуфтам, ки носипосед! Гуфтед, ки на!!! Худованд нишон дод, ки шумо кистед!
— Ё шоҳаншоҳ! Сухани ман идома дорад! Шарҳ дорад!
— Сарата хўрад суханат!
— Ин кор муваққатан!
— Сарата хўрад муваққатанат!
— Чун Бесус ҷангро саришта кунад, пирўз ояд…
— Сарата хўрад Бесусат!
— Чун пирўз ояд, шумо боз шоҳ…
— Сарата хўрад шоҳат!
— Шумо ҳозир ҳам шоҳаншоҳ… Фақат ихтиёри сипоҳро ба Бесус диҳед ва зимомдории Эронро.
— Сарата хурад Эрон!
— Чун юнониҳо ва мақдуниҳо баргарданд…
— … Сарата хўрад юнониҳо, мақдуниҳо!
— … Шумо боз шоҳ! Боз кишвардор!
— … Сарата хўрад кишварат…
— … Бесус ҳокими муваққатӣ…
— Ҳммм… Ман акнун дарёфтам, ки Эрон чаро ҷангро бохт…
Шумо носипосон ҳалқаҳои ногусастании силсилаи Ҳахоманишиёнро барканда будаед. Мани ноогоҳ ба ҳар гуна дасисаву иғво бовар кардам, ки бардаҳои юнонӣ, гоҳи набард, дар ҷўши ҷанг Искандарро ҷой холӣ карданд ва эрониён размро бохтанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор