Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ Доро то алвақт дар сар ҳазор андеша дошт. Баробари шунидани «Манам Бисфан пури Ваҳуко…» дастон ба муттакои тахт такя дод ва нимхез шуд.
— Чӣ хоҳӣ?
Шоҳ Доро хаёлу гумон ба дуриҳо бурд ва беихтиёр майл ҷониби ў кард. Зеро шоҳаншоҳ медонист, ки бо амри тасодуф ў бар маснади шоҳаншоҳӣ нишаста ва рўзе даъвогарони тахту тоҷ пайдо хоҳанд гашт. Бисфан вориси шоҳ Ардашери Саввум. Хоҷасаройи маккор Боҳуй шоҳро заҳр дода кушт, аммо аз ворисони хурди Ардашер сарфи назар карда, Дорои Кудумон аз Арманиё оварда, ба суди хеш бар тахт нишонд… Инак пайдо гашта вориси тоҷу тахт…
Дорои Кудумон чунин андеша дорад, ки Бисфан пайдо шуд, вале новақт. Чунин рўйдод болотар аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ.
Бисфан пай бурд парешонии шоҳро, гоме пеш омад.
Шоҳ Доро безобита шуд:
— Бисфан пури Ваҳуко – Ардашери Саввум?
— Оре, шоҳ. Ардашери Чаҳорум Бисфан пури Ваҳуко, аз тухмаи Ҳахоманишиён!
— Аз тухмаи Ҳахоманишиён…
— Бале, шоҳ.
— Ардашери Чаҳорум?
— Бале, шоҳ.
— Пас… Пас… Чаро…
Сурх гашта, дамида, худро ноғунҷон дарёфта ва чанд бор гарданак зада, ҳалқаи дар гардан танг омадаро кушоданӣ шуда даст ба гулў бурд ва мақсад ё пурсро ифода карда натавониста даст ба замину осмон ишора мекард ва гирд мегардонд, ки бо чӣ мурод омада бошад ин ворис.
— Омадам, то шоҳро огоҳ кунам, ки Искандари Мақдунӣ ба роҳ афтода ва сўйи Ҳангаматон ояд.
Шоҳаншоҳ бознишаст бар тахт, нафаси дароз баровард:
«Уффф!!!», ки дамаш баромада омоси танаш фурў нишаст ва ранги рўяш дигаргуна гашт:
— Пиндоштам, чун вориси тоҷу тахт омадӣ…
— Тоҷу тахт маро чӣ ҳоҷат, ки Эрон дар вартаи ҳалокат бошад!
— Чӣ гуна вартаи ҳалокат? – худро ба нодонӣ зада, фикри Бисфанро донистанӣ шуд шоҳ Доро.
— Искандар – Бобулро гирифт, Шушонро гирифт, Эроншаҳрро гирифт… Модай монда...
— Ту, ки пури Ваҳуко найӣ!
— Чун набошам писари Ваҳуко?
— Модай гўйӣ, Шушон, гўйӣ, чунон ки яҳуд гўяд.

пешина
аз 391
навбатӣ