Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ҳар замон даҳон пур мекард, то чизе ба шоҳ бигўяд, истиҳола бозмедошташ. «Пўзиш! Пўзиш аз шоҳ!» то забон ояд ин сухан, валек аз даҳон барнаояд. Шоҳ Дорои Кудумон ҳайрон, ки хоҷаву сарпосро замин кашид ё осмон? Ва надонист, ки онҳо аз чӣ рў омада буданд. Дастон кушода ба ду ҷониб ҳайрату тааҷҷуб кард.
«Уҳу…»
Оҳиста сурфид Бисфан, ки шоҳ вуҷуд доштани ўро фаромўш карда ва ҳатто набинадаш.
«Ҳммм…»
Танҳо набуданашро дониста ва андаке ба худ омада ва сир бой надода, гўйӣ чизе ва коре нашуда бошад, пурсид:
— Дидӣ?
— Дидам!
— Шунидӣ?
— Шунидам…
— Онҳоро низ дидӣ? – ангушт аз паҳлўи гўши чап сўйи ғурфаву дуртар аз он Кўшки Гардон, ишора кард:
— На. Онҳоро надидаам…
— Бубин! – фармуд шоҳ ва нигарист аз ғурфа, ки касе нанамуд… Ҳммм… – ва Бисфанро аз роҳ гардонд: — Рафтаанд…
Нобакорҳо!
Бисфан бозистод. Назар бар нўки пойи хеш кард ва садои паст баровард:
— Пўзиш аз шоҳаншоҳи Эрон… Хостам кўмаке бикунам, хидматам хирсона шуд.
— На-а-а… Хидмати хуб кардӣ… Дўстон носипосӣ карданд; маро танҳо гузоштанд… Шояд ту низ…
— На, шоҳ… Он чӣ дилам мехост, он кардам… Агар рухсат фармоед…
— Ташаккур Бисфан пури Ардашери Саввумро, ки дилаш бисўзад ба Эрон!
БАНДИ ҲАШТУМ
Се шаборўз аст, ки Дорои Кудумон хўрдаашро ронад; на
хоб дораду на хўр, на айш ронаду на ишрат. Дар бораи дўстони забониву нонӣ фикр кунад, дўсти ҷониро набинад. Ва симову
андоми ниқобпўши Искандарро пеши назар биоварад, ки аз дуру
наздик дар корзор дида буд. Ва ҳар боре ўро пушти зин медид,
уқобе ёдаш меомад, ки омодаи парвоз бошад андар сари санг;
ё море дида ё заргўше ё кабке… Вале майли ў ҳамлаву пархош
буд. Дар чунин ҳолат на нафрат, балки ҳаваси Дороро меовард
душман… Аз чӣ буд, якбора танашро фарошо гирифт ва ҷойи
симои Искандар чеҳраву андоми зишт фаро омаданд: яке каҷрў, дигаре якчашма, саввумӣ ашки дарозу ёзида дорад андар даҳону паси сар ва онеро, ки боре дар куҷое дида буд, саре мисли дастамбўе дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор