Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Худоё, агар имконоти маро дошт, чиҳо карда буд? Ҳангоми набардҳо нокортарин шоҳонро дар паҳлў будам ва метавонистам бо як ҳаракат ва ё зарби шамшер, дашна ё гурз нобудашон созам, то мулк аз чунинон раҳо ёбаду ҳам сипоҳ…
аммо накардам ин корро, ки бад бошад ҳам, ў сарвари халқ аст…
Валек буданд касоне чун хоҷасарой Боҳуй, ки гоҳи базму фараҳ шоҳонро куштанд… Дуздӣ, ғаррӣ, бадӣ зери саргини хар аст, дер ё зуд рух занад…
Ай Худованд, шунавӣ ҳисоботи умри маро? Агарчӣ мў ба мў донӣ ва худ фармудаву навишта бошӣ… боз гўямат. Маро чиву пеши писар рафтан чӣ? Боист, ки баракс шуда буд: ў меомад назди ман; узрҳо мепурсид, ки нораво бошад кирдораш: Ватану падару шоҳро гузошта, думи кадом омадаро гирифта, ки шояд ҳангоми набардҳо хиёнатҳо карда бошад. Зеро ў он гоҳ солори сипоҳ буд; шоҳ Доро мани пирро гузошту бохтариро сипаҳсолор хонд. Пиндошт, ки ў ҷони шоҳро бихарад ва мулкро аз ҳуҷуму оварди Искандар наҷот бидиҳад. Ҳайҳот! Ҳайҳот, ки бозӣ ва ё хаёли кўдаконае беш нест!…
Аммо ман ба хотири фарзанд назди ў омадам, то фарзандон аз марг наҷот диҳам ва ё Кова шавам ба хуни писар. Заҳҳок бикушам… Вале мебинам, ки нопадар дар назди писар. Пас чӣ бояд бикунам ман?»
Рўбоҳе пайдо шуд зард. Гўш хезондаву дум хобонда, замин бўй кашида мерафт пешопеш. Гўйӣ раҳнамои баде буд сипаҳсолори пирро. Ортабоз ба як бор дидан гург пиндошт, ки ин сайди бемадорро хоҳад хўрд. Фирефта то галаи гургон барадаш ва хомталош фармояд. Сипаҳсолор ханҷар аз миён кашид… Вале баробари аз наём бурун омадани дашна донае дар гулўяш руст шуд ва зўр оварда ва афшурда ашк аз дида бурун кард; хориаш омад, ки подоши нобаробар шуд кардаҳояшро: «Ай Худо! Наход фарзанд то ин дараҷа бедил, бераҳм, носипос, ноинсоф, беимон ва бехуд шавад? Магар фармудаи Бесуси Бохтарист, ки «Ё, Ё»
гуфта бошад? Шоҳ Доро низ «Ё, Ё» гуфт. Аммо ман падар ҳастам, дастам ба чунин кирдори бад нарафт. Шояд Бесус фирефта, фармуда бошад. Охир ў писар аст! Аз хуни ман аст!…»
Рўбоҳи зард замину бехи буттаҳоро шамида-шамида рафту чизеро ҷуста-ҷуста бозомад. Ва одами сари санг нишастаро дида як қад парид. Хеле нигарон истод ва фарқ накард, ки сайёд аст ё сайёдсурат. Сипаҳсолор ноҷунбон буд, то шағол санг пиндошта пештар ояд, ў якбора найза ё шамшер занад, ки шояд пўсташ ба кор ояд: «Ҳа-а-а… Кори одат… То шамшер дар даст бувад, одамӣ аз бадкорӣ даст нашўяд… Дасти одаткарда дами назъ ҳам ба қабзаи шамшер равад…»
Гўшҳои рўбоҳ чур, чашмонаш тез, гарданаш баланд ва думаш хамида буд. Чунин сурату ҳолати зардак диққати сипаҳсолорро рабуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор