Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Ту чаро маро безобита кунӣ, Ҷиран? Касе нест! Ё бўе шунидӣ?… А? Бигўй! Чӣ хавф кашидӣ? …Мазмун, зуъм дорӣ. Донам, ки гушнайӣ, ташнайӣ… Ман ҳам. Агар медонистам, ки Қофу Аршак дар куҷоянд, ҳамон ҷо мебурдамат. Маълум нест, ки онҳо куҷоянд ва чикораанд… Ё ту бўй гирифтайӣ? Донӣ? Агар донӣ, бигўй ҷояшонро ё маро бубар. А? Тавонӣ ин корро кардан? Аз дастак заданат маълум, ки натавонӣ… Ман хоб меравам, Ҷиран.
Дишаб хоб накардаам. Бедор накун. Аламам зиёд, то ягон кору ҳол нашавад…»
Хоб бинад. Корвони Искандарро хоб бинад. Барзин он ҷо.
Сархам пой занад ба рафти корвон ва ниҳоят боазоб. Дуртар аз корвони душман писарони сипаҳсолор Қофу Аршак аз паси теппача ба корвон нигаранд, ки чӣ илоҷе ёфта хоҳари асираашонро дузданд. Модарашон низ он ҷо ба гардуна нишаста чун малика…
Сипаҳсолор ҳарчанд даст мегардонад, ки писаронро пас орад, онҳо намебинанд. Фарёд зада наметавонад, ки шунаванд асрор ҳувайдо гардад. Танҳо як теппачаи хурд, дигар камингоҳе нест, то аз паси корвон рафта дар ҷойи боб модару хоҳарро бирабоянд. Корвон меравад дуртар ва инак онҳо ба тохтан ҳам дарёфта наметавонанд…
Сипаҳсолор нокомии писаронашро дарёфта. Андар саҳрои бекарона аз инони Ҷиран даст гирифта менигарад ба дуродур, ки ҳамин замон офтоби сўхта ғуруб кунад ва ў боз дар торикӣ монад.
Писаронаш низ; корвон низ. Ва ў ҷуз ҳолаи моҳ чизеро набинад.
Хоб равад. Хоб андар хоб бинад: чун Кова дирафш барафроштааст: аз баргустувони пушти Ҷиран дирафш сохта ба нўки найза ва дар муттакои паси зин сахт карда, шамшери заҳрогин ҷавлон дода ба муқобили шоҳ Доро тани танҳо ситезидааст.
«Аааай Заҳҳоки морон! Ман Коваам! То кай мағзи сари писарони маро хўрӣ? Рўзе расад, ки сари ту низ хўранд…»
Ва Ҷиран бол барорад. Чангу ханҷол барорад чу чанголи симурғи азим ва парвоз кунад; сояаш чу сояи абр заминро пўшонад.
Тори дастаи нопурра ва талафёфтаи Доро гардад. Сипаҳсолор Ортабоз аз баландӣ бинад, ки шоҳ дар тан ҷомаи зарбафт бо карру фарр равон аст. Ҷирани бадал ба симурғ гашта низ шоҳро бинад ва пой дароз карда, чангол кушода хам хўрад ба тори сари шоҳ ва аз миёни даста озод бардорад шоҳро. Пойи Доро аз рикоб раҳо наёфта, Симурғ бо Шаҳбод ўро якҷоя бардорад ва бубарад ба баландии кўҳҳо ва якбора андозад чу уқоб сангпуштро, то ба санг бархўрда косааш шиканад…
Чунон кард Симурғ ва асбу шоҳ такорў ғел гашта то замин расиданд ва чун санги азим заминро мағок карда, фурў рафтанд…
… Ҷиран сайҳа кашид ва пойи сипаҳсолорро дакка дода бедор кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор