Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оре, шоҳ... – заҳрхандаи шоҳро сарфаҳм нарафта, посух дод Кратер. Шоҳ хандид. Кратер ҳайрон монд. Искандар қиёфа ҷиддӣ кард ва гуфт:
— Ман ин дунёро оддӣ пиндошта будам, Кратер. Дунёи бўқаламун будааст. Чунон ки як кас гўяду ҳама гўш диҳанд ва итоат кунанд, мушоҳида нашуд. Балки мушоҳида шуд, ки шал хешро аз марди хушпой бидавтар донад; кўр худро аз бобасир бинотар хонад; аблаҳ хешро аз оқилон донотар гирад ва нашуд фаҳмидан, ки ин чӣ гардунест, ки натвонад ҳар киро ба ҷояш нишондан.
— Дунё чунин офарида шудааст, шоҳ. Ва агар дигаргуна мебуд чун дунёи мурдагон, шояд эътиборе надошт ва касе барои он талош накарда буд.
— Шояд, Кратер. Лекин ман шоҳам! Дунё зери дасти ман аст!
Ҳар чӣ хоҳам, он шавад.
— Оре, шоҳ!
— Оре, шоҳ... – талха дод Искандар Кратерро, ки забонат дигару дилат дигар ва афзуд: — Чӣ сипаҳсолору чӣ сипоҳ, ки ба сухани шоҳ гўш надиҳад? Онҳо фарҷоми ин чизро андеша мекунанд ё на? Қиссаи сарнавиштсози шоҳи Порс магар дарс нест, ки оқибати саркашиҳо, ҷоҳталабиҳо то куҷо расонд? Магар сипоҳи Порс фанопазир буд?
— На, шоҳ, чунон набуд, аммо шоҳ Искандар ва лашкари мақдуниву юнонӣ яктан буд...
— Ва ҳоло чаро мисли мурдаи Никомах сар ҷудову тан ҷудо метобад?.. Ягон бор аз ин хусус андеша кардӣ?!
— Шоҳ...
— На... Ягон бор андеша кардӣ?
— Магар андеша накардан имкон дорад?
— На-на... Дум наликкон... Ягон бор андеша кардӣ?
— Агар андеша накунам, ҳамроҳи шоҳи ҷаҳон мегардам?
— Пас чаро ихтилоф афтода миёни сипоҳи Искандар?
— Ихтилоф на. Кўтаҳиҳо... нофаҳмиҳо...
— Ту ин чизро чунин шарҳ медиҳӣ? Шунидӣ, Кебалин чӣ гуфт?
— Он чӣ дар назди шоҳ гуфт, онро шунидам...
— Медонам, ки онро шунидӣ... дигар чизе надонӣ... Сипаҳсолор огоҳ набошад аз вазъи сипоҳ. Бино ба гуфтаи раммолон ва овардаҳои Кебалин ҳама нодўст шудаанд шоҳро... Ҳатто Аминта, ҳатто Кратер, ҳатто худи Искандар...
Аз шунидани чунин ҳарф Кратер пас-пас рафт ва хешро волаву ҳайрон вонамуд карда, ларзид ва артистона даст пеш ёзида, пурсид:
— Ва шоҳ бовар дорад?

пешина
аз 411
навбатӣ