Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Нигарист ба зер, ки хеле жарф метофт ва асбон ба чашмаш чу харгўш метофтанд. Ў ба шикор нафаромад. Балки чу-чу садо дардод ва акси садояшро гўш дод.
Диққати сарлашкарро рабуд. Аз Мақдуниё то ин ҷо бисёр уқобоне ранга дида буд, ҳатто уқобони сарсапед, синасапед, саропой сапедро, аммо чунин сиёҳи моил ба рангҳои ҳархеларо бори аввал мебинад. Шояд аз дурӣ ба чашмаш чунин тобад ва шаъшаъаи хуршед чунин рангҳоро ба ин мурғ арзонӣ дорад. Ба ҳар ҳол Искандарро хуш наомад, ки чаро ин мурғ ин қадар бо виқор аз он баландӣ нигарад ўро: «Ин мурғ набувад. Рўҳи Спитамон бувад, ки аз он баландӣ садо дода маро масхара дорад.»
Баланд, ниҳоят баланд маъво гирифтааст. Тир нарасад то он.
Ва баромада ҳам нашавад. «Кишк гўед онро! Парронед!» Аммо садои хаёлии ўро касе нашунавад. Баланд. Болотар аз он касе натавонад будан...
Искандар сар боло карда ва кулаҳхўд бо дасти чап дошта, нигарад шахҳои баланди дами уфуқ пўшидаро ва надонад чӣ карданро. Ҷо-ҷо, ки хока дорад, сабза дамида дар танаи шах.
Ҳайратовар метобад меҳмонони раҳи дурро. Гули сапеди бодоми талхак, гули баҳмани сапеду зард, сияҳгўшу наврўзӣ, ки доманаву тани шахҳову канори роҳро ранга гардонида буданд, омадаҳоро ғариб метофт. Калтакалосҳои монанд ба сусморҳои биёбонӣ тани сангу шахҳоро чолокона тохта, зери сангҳо мешуданд ва ё тори сангҳо сар баланд дошта, хаму рост нағма мекарданд. Инҳо сиёҳранганд мисли ин шахҳои ё аз тафси худ ё аз ғами мардум сўхта. Вале шоҳи сисоларо ҳеҷ яке аз ин чизҳо ҷолиб набувад.
Диққати ў ба ин кўҳи баланд ва шахҳои сахту сиёҳ, ки ғор дар куҷост ва одамонаш куҷоянд.
Шохи буз хорад, кўши шубон кобад. Аз тор пинҳоншудагон ба тамошои сипоҳи ҳайрон нигаристанд. Ё ҷосус буданд ё ҳавасманд ва ё гўл, ки дар чунин вазъ худнамойӣ карданд. Пасон садои қаҳқаҳа омад.
Искандар гуморид, ки ўро ханданд. Шармзада вонамуд кард хешро. Лекин ҳаяҷоне ғулғула дошт дар мағзу дилу хун. Дандон ба ҳам соид, чашмони ҳаросонаш роҳ меҷустанд. Модом ки онҳо дар он баландиянд, роҳе ҳаст. Рост рафт, роҳ ҷуст; чап рафт, роҳ ҷуст, пайроҳае наёфта, сарбозонро фармуд, то роҳ пайдо кунанд.
Садо омад аз боло:
— Ай Искандари хунхор! Барои ба ин баландӣ расидан туро пару бол бояд!
Суғдидоне Искандарро тарҷума кард нарму мулоим. Чун ў пару бол бароварда ба ин баландӣ расиданро шунид, ғазабаш афзун гашт, ки таҳқир кунад. Гирди Бусефал гашт. Уқобро нигарист ва хаёлан парвоз кард ба он баландӣ. Тир мезаданд онҳо.
Тирашон хазони бодовар барин дар ҳаво бозӣ мекарду парвози дур надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор