Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ҳолиё аз оли Ҳахоманиш тухмие боқӣ будааст.
Хидматгорон пўшоки тоза оварданд, таббохону хонсолор хон оростанд ва Ланика Гераклро даровард. Новақт овард писарро доя. Зеро Искандар дар бораи Ардашер фикр мекард, ки рўзе ин гургзод ба рамаи онҳо дандон тез кунад. Ў ба чизе нигоҳ накарда либоси ҷангӣ ба бар кард ва пой ба пушти зини Бусефал гардонд.
Рўди Фушун сўйи Мароқанд мешорид, сели лашкари мақдуниву юнонӣ бар муқобили ҷараён мерафт. Дирафши зарди мақдуниро боди баҳории водӣ парафшон буд, то ба пас баргардад. Скифҳои морбоз роҳ менамуданд Искандарро. Дўсти кўдакии шоҳзода Клити нозгунҷ хеле мехост Искандар аз ин сафар баргардад, зеро дигар чизе намонда, ки боиси ташвиши шоҳи мақдунӣ бошад.
Яқин он чӣ Искандар мехоҳад дар миёни ин сангҳову кўҳҳои баланд ва тангроҳаҳо набувад. Вале гуфта натавонад дарди дилро. Яқин рўзе, гоҳи сархуш будан ин муродро расонад. Зеро ба гуфтаи доя Ланика ин ду ба ҳам бародар шудаанд. Искандар набояд сухани ўро рад кунад.
Вале боди сард меояд аз пеш, ки ҳолиё соярўйи кўҳҳо ва хаму шиканҳо ва сою сойчаҳо барфгиранд. То ҳадде гашту зистро душвор гардонад. Искандар аз борону селҳои сахти ин водӣ огоҳ набувад. Ва пире пеш наояд, ки пурсон шавад. Ҳама ба кўҳу камар часпидаанд; ҳатто ҷонзоде наметобад, ки боиси нишони зиндагӣ гардад. Кўҳистони сахт суми асбон хўраду наъли онон шиканад ва кори саисону устоҳои оҳангар зиёд гардонад.
Ба ҳар тақдир, сипоҳи баргузидаи Искандар биму ҳарос паси сар карда, аз зери камарҳо, шахҳои азими як лаб овезон ва канда гашта дар сари мўй истода, борикроҳаҳои канори рўд, сангҳои лағжон, убургоҳҳои жарфро пиёдаву савора гузашта, то ҷое расид, ки ғори Суғдиён ё Ориёмаз ном дошт. Скифҳо оварданд ўро. Аммо дар он мавзеъ ғоре ё ҷондоре надида дар хашм шуд. Скифҳо кўҳи баланди бероҳу равишро нишон доданд. Дар сари санге мурғе монанд ба лошахўрони баддидаи Искандар нишаста буд ва ҳар гоҳ сар тофта ба ин ё он сў менигарист ва боз орому сокит мемонд, ки ҷуз чашмони тезбинаш чизе ҳаракат надошт. Боз парҳои ў меҷунбид аз бод. Чашми тезбини Искандар низ ўро хуб мебинад ва ў муқоиса мекунад, ки аз ҳамон тоифаи мурғони лошахўр метобад, аммо пару болаш лайс, гарданаш пардор, минқораш зайли минқори каргасҳо сахт баргаштаи беҷон на, балки қавӣ, сахт, баробар низ ҳастанд нўли таку боло. Ҳушёр, тезгир, тезшунав, тезбин ва хеле омода ба шикор. Гарангу ҳатўлу хоболуд на, балки бедори зирак. Аз чизе бим надорад, ки шоҳи кўҳистон бошад ва душмане надошта бошад. «Чу!!!» садо баровард. Ё ҷўра ва ё ёрашро хонд ба бедорӣ ва ё хатареро пай бурд. Яке афшонд хешро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор