Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Барои он ҷонро дареғ надоранд. Бузургтар аз ҳама...» Аз дил гузаронд ва аз чӣ рў ба Шарқ лашкар кашиданашро ёд оварда, сурфид. Сурфид, то касе чизе пай набарад.
Касе бозпас наомад, то Искандар донад, ки чӣ ҳол доранд. То рўз қадам зад дар доманаи кўҳ.
Чун чашми рўз кафид, шахпаймоёни кирояро дид, ки болотар аз қароргоҳи суғдиён баромада, нигаронанд фармони сарлашкарро. Искандар чизе нагуфт, ишорае накард, бал менигарист сўйи ғор, намедид касеро. Садои ханда намеомад, таҳдиду тамасхур ва кинояе набуд. Танҳо уқоб зайле ки дўш нишаста буд, сари шах аст, чунон ки ширеш баста бошад.
Нафаре шубон бо қадоба омад ва дидбонҳо ўро назди шоҳ оварданд. Искандар ишора кард. Ў асли воқеаро надониста, пиндошт роҳи ғор меҷўянд:
«Одамраҳа аз тор бувад.»
Ва ба ишораи даст фаҳмонд, ки қад-қади рўд боло рафта, аз тори ғор бояд омад. Искандар дар ёд гирифту пайкро миннатдор шуд ба ишораи сар ва амр кард дастаро навозанд. Шайпури ҷангӣ навохта шуд, садои дафу табира баромад. Аз ҷониби суғдҳо ҷавобе наомад.
Ба амру ишораи Искандар аз тору паҳлў иҳота карданд ғорро, буриданд уреброҳаро. Ва чун ба даҳонаи ғор наздик шуданд, тирборон карданд ғориён. Сарбозони мақдунӣ пиндоштанд, ки дар ғор ҳама ҷанговарони суғдӣ; ё барои фиреб пас нишастанд бо пайроҳаи борик. Ғориён шерак гашта ба ҳуҷум гузаштанд.
Пасон аз паси онон ва тори ғор бардаҳои мақдунӣ суғдиёнро нишон гирифтанд ва ҳатто аз тор сангҳо рехтанд. Ғориён маҷбуран пас гаштанд ва андар даҳонаи ғор оварди хунине шуд.
Шамшеру сипар ва жўпину акинак кору кора мекард ва аз бора ба зер афтодани размандагон дида мешуд ва дар сари шахҳои чукка, рўйи харсанг ва буни шахчаҳо маъво мегирифтанд.
Чун занони суғдӣ диданд, ки мардон ба ҳалқаи танг омадаанд, мардонапўш ба майдон омаданд. Садои шамшеру сипар, жўпину хўдҳои ба сангҳо бархўрда, овози мирандаҳо, захмиҳо аксандоз буд андар шахи Ориёмаз. Ва тори сари уқоби сари кўҳ каргасҳо пайдо гашта хайлу сайл ҷувозак мегаштанд.
Сияҳпўши шамшерзан аз даруни ғор танг кард мақдуниёнро.
Касе натавонист ҳамнабард бошад бо ў. Чун сипоҳи Искандар зиёд буд ва боз дам ба дам мададёрон мерасиданд, ғориёнро ёрои пархош намонд. Сияҳпўш бо шамшерзанони душман овард карда, дарунтари ғор шуд. Ба назар адўро мефирефт. Андар дами ғор мақдуниён мардони суғдиро куштаву асир гирифта, ба шиканҷа мекашиданд ва суғдиёни бонангу ор пархошкунон хешро меафканданд аз сари бора ба зер. Ва касе аз пайи мурдаву зиндаи эшон набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор