Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳай ҷувозак мегаштанд лошахўрон.
Мақдуниёни пирўз даруни ғор шуданд. Занону духтарони зиёд ба фиғон омаданд. Зани Спитамон зара ва писари ў Ардашер низ он ҷо буни санге паноҳ гирифта буданд ва модар ҳар гоҳ омода буд, ки хешро ба дами ғор расонад ва аз дасти писар дошта ба вартаи ҳалокат андозад. Аммо аз буни торики санг ҷунбидан муҳол буд.
Сияҳпўш афғони занону духтарон ва тифлонро мешунид ва баробари шамшер рондан фикр дошт, то чӣ кунад. Ҳамаи онҳоро аз дами теғ гузаронида натавонад. Фурўтар рафт дар торикӣ ва ҷанговари мақдунӣ низ шамшер мезаду бар асари ў мерафт, то ҷое ки дигар якдигарро намедиданд. Сияҳпўш дастмол хами санг омад ва онеро, ки пеши тирарўшаниро мегирифт, шамшер зад. Дигаре омад ва беохир. Сияҳпўш донист, ки ҷуз мурдан ё асир афтодан чорае нест, пинҳон шуд. Касе ўро намедид дар торикӣ.
Ғалмағал шуд даҳонаи ғор. Искандар омада. Ба ў гуфтанд торикии ғорро. Искандар фармуд машъала афрўзанд. Машъалаҳо афрўхтанд. Аввал чанде ба дами ғор андохтанд, ки ғорро оташ мезада бошанд. Машъалбардорон пешопеш ва ў аз пас вориди ғор шуданд ва Искандар дид, ки зану духтарони суғдӣ аз сипоҳи ҳамроҳ ба ин ҷо овардааш изофа бувад. Ва ў менигарист ба зани порсии писардор. Дарёфт накард. Чун пешгаҳтар рафт, ўро фаҳмониданд, ки сияҳпўше даруни ғори торик пинҳон шуд. Ва шоҳи ҷавон ҳама чизро фаромўш карда аз пайи дарёфти ў шуд. Дар равшаноии машъал сияҳпўш якбора аз паси санге баромад ва қад ба қад шуд бо Искандар. Нафису чолок буд ва Искандарро дар ҳайрат гузошт, ки қаҳрамонони асотирии юнонӣ бошад.
Шамшер мезад бо Искандар ва ҳар гоҳ ки шўълаи машъала аз боди набарди онҳо хира мегашт, сияҳпўш хешро паси санге мегирифт. Ва дар сари ў фикри наҷоти занону духтарон буд.
Чун машъалаи тоза фурўзон гашт ва ғор равшантар бишуд, сияҳпўш шамшер бар санге заду афканд ва кулаҳхўд аз сар гирифт, ки зулфонаш бар қадди ниҳоли ў кашол шуданд ва Искандар даст аз набард боздошт. Ба як нигоҳ волаю шайдои ҷамоли ў гашт.
Даст боло карду пушт гардонд, то ҳамраҳонаш орому осуда бошанд. Низ шамшер андохт:
«Ай духти суғдӣ! Бидон, ки чунин размгоҳ барои ман набувад.
Ва ман бо занон овард накунам...»
Духтар теғ кашид аз зери чашмбанд ва бардошт онро. Ба назари Искандар ғор равшантар шуд ва чашми ўро рабуд. Сипоҳро фармуд: «Бароед! Бароред!!!»
Баромаданд. Духтар монду шоҳи ҷавон:
«Бо ту оҳанги ҷанг надорам. Бигўй, ки кистӣ ва аз кадом дудмонӣ?»

пешина
аз 411
навбатӣ