Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оре, аз хуни суғдӣ, на аз хуни Спитамон. Суғдиён сар диҳанду тан надиҳанд.
— Зўр ояд, тан низ диҳанд. Ҳарфи зиёд шуд. Биё аз ғор бадар равем, то сўҳбати дарозоямон боиси маломат нагардад.
Духтар ба андеша рафт. Искандар ба фикр: «Дунё ба шамшер гирифтам, дилҳо ба сухан. Ва ин духтарак маро гўл заданист.» Ва духтарро мотшуда пиндошта гом зад сўйи равшанойӣ. Духтар ҳанўз банди андеша буд ва чашм аз пеши пой канда натавонист.
Искандар баргашт ва рў овард ўро:
— Хоҳӣ чу асира барандат?
Вале посух нагирифта ғалмағал шуд дар беруни ғор. Искандар башитоб баромад. Духтар низ бо тааҷҷуб омад. Ҳама мегуфтанду ба пастӣ менигаристанд, оҳу воҳ доштанд:
«Ҷабр шуд. Модару писар.»
«Касе намонд аз оли Ҳахоманишӣ...»
«Ардашер чунон монанд буд ба Спитамон, ки як себи дукафон.»
Духтар дарёфт ҳамаро, ки зану фарзанди Спитамон тоб наоварда, якҷоя ба варта андохтаанд хешро. Ашк рехт, аммо чизе нагуфт Искандарро...

БАНДИ ҲАШТУМ

Асир гирифта буданд ҳамаро. Занону кўдаконро мебурданд, пиронро касе кор надошт. Мардони қайсару гарданшахро мусла мекарданд ва меафканданд барои каргасҳо. Ориёмазро даст баста буданд ба пушт.
Қоф: Ин туйӣ, пирхар?
Ориёмаз посух нагўяд.
Қоф: Искандар ду бор маро назди ту фиристод, ки солортарӣ, соҳиби ин ғорӣ, мардумро ба сулҳ хонӣ...
Ориёмаз: Магар сулҳи шумо чунин бувад?
Қоф: Айби худат, пирхар! Агар он вақт розӣ шуда будӣ, ҳолиё ҳама озода буд.
Ориёмаз: Шинохтам ту мочахарро. Пури Ортабози ватанфурўш.
Искандар домодам, гуфта, аз баҳри ватану, халқу нангу номус гузашт кардӣ… Вагарна ту куҷову фиристодаи Искандар шудан.
Барои он туро назди ман фиристод, ки забонамон якест. Вале надонист, ки диламон дигар аст.
Қоф пушаймон шуд аз гуфта, ки пеши мардум шармсораш кард. Дашна кашид аз миён. Доштандаш.
Барои зану фарзанди Спитамон Искандар ғам хўрад:
«Ҳама кўшиш барои он буд, ки писари ўро бинам ва ин тухми охиринро ба Юнон бурда сабз гардонам.»
Ханда.

пешина
аз 411
навбатӣ