Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ориёмаз: Маро низ сабз гардонӣ, Искандар?
Искандар: Туро Қоф сабз хоҳад кард!
Ориёмаз: Пас ман беҳуда бо ў тую ман кардам. Гумонам ў танҳо фиристода бувад, ў ҷаллод низ ҳаст?
Искандар: Оре, пир... Он ту нестӣ, ки аз баландӣ маро бол «хостӣ», то наздат бароям.
Ориёмаз: Масхара набуд, туро болдор дидан хостам ва Қофро думдор.
Ориёмаз дид, ки онҳо чандон ба суханаш аҳамият надоданд, афзуд: «Ана он хел, мисли каргасҳо...»
Безобита гашт Искандар. Ин замон духтари сияҳпўш миёни асиронро бурида ва сипоҳиёнро тела дода гузашт. Ў падари хешро меҷуст:
— Ай родмард! Чӣ карданд бо падари ман, ки миёни мардум набувад?
— Ман падари туро нашиносам. Магар ин нест, ки даст ба пушт баста?
— На. Ин Ориёмаз бувад; ашрофзодаи суғдӣ, сари ин қабила.
Падари ман асилзода.
— Зардуштӣ? Оташпараст? – пештар омада пурсид Искандар ва хуб ба чеҳраи пирмард нигарист, ки сари Спитамонро монад.
Чеҳрааш чеҳраи сари бурида, ки оварда ба гардани ин марди нуронӣ дўхта бошанд. Солаш фарқ кунад ва мўйи сапедаш.
Ва гоҳе ки пирмард сар афшонда сухани шоҳро тасдиқ кард монанд шуд гурди суғдиро. Вале миёни мардумро убур кардани духтар диққати Искандарро рабуд. Ишора кард, то аз мадди назар дур нашавад. Духтар падар меҷуст ва ё бо найранге аз миёни тўдаи касони афтам-наафтам дар роҳи борику лаби бора истода, гузашта, қасдан баъзе сарбозони мақдуниро тела дода, ба озодии кушод баромаданӣ буд, аммо оҳанги нияти ўро ба шоҳ расониданд ва ҳамон замон амр кард, то боздоранд. Чунин рафтори духтар ёди зану фарзанди Спитамонро аз сари Искандар бурд.
— Оксарт гуфтӣ падаратро?
— Шумо гуфтед, Оксарт. Ман ёд гирифтам. Аслаш Рўзбеҳ.
— Номи худат чист?
— Ман ном надорам.
— Чӣ хел?
— Ошхўри нонхўри ҷомадаррон...
— Девона гўям, девонаро намонӣ... Якрави гарданшахи суғдӣ!
— Ёфтӣ, номам низ чунин.
— Агар ном надорӣ, туро ном гузорам. Хуршедро монӣ.
— Ёфтӣ. Чунин.
— Хуршед?
— Рахшон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор