Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз рўйи гуфтаҳо андар ин кўҳистон ғоре махуф бувад бо номи «Ҳурон» ва дар он деву ҷинҳо умр ба сар баранд ва касе бо он ғор кордор шуда зинда намондааст.
— Кордор нашав, Искандар. Зинда хоҳӣ монд.
— На. Ман бояд кордор шавам... вагарна зинда аз ин ҷо баргаштан имкон надорад.
— Ҳааа... Фаҳмидам, ки дар ду ҳолат ҳам зинда баргаштан машаққате дорад.
— Ту оқилайӣ, Барзин, хушбахтии ман дар ҳамин аст. Вале ҳоло бояд назди гетерҳо биравӣ ва маро танҳо гузорӣ.
Барзин чизеро пай бурда буд. Пеши чашмонаш талотуме, тўфоне менамуд, аммо аз чисту аз куҷост, равшан нагардад. Пиндошт ҳамин чизро Искандар низ пай бурда, аз ин рў якеро эҳтиёт карданист: худро ё Гераклро. Ҳарф зиёд накард, ки одати Искандарро медонист. Ҳолиё ўро ба шўр овардан маънӣ надорад. Гераклро ҳамроҳ гирифт ва сабзаҳои соҳили рўдхонаро тамошо карда ва хаймаҳои зиёди сипаҳбадону сарфавҷҳоро дида, саропардаи чун дирафши Мақдуниё зарди шоҳро аз назар гузаронида, ба яке аз хаймаҳои монанд ба ранги хаймаи Искандар даромад. Ланика ба пешвоз баромад.
Шоҳ Искандар сарраммол Аристандрро бихонд:
— Мо бояд дижи Ҳуронро ба даст орем.
Аристандр посух нагуфт, балки ба андеша рафт, чӣ гуна дижест, ки шоҳ чизе нагуфтаву нафаҳмонида, аз забти он ҳарф занад. То ҳол ки дар ҳисоби ҷанговарони кўҳнавард буд, кулаҳхўд аз сар гирифт, рўболо ба паҳлў гузошт, андаке нигарист ба он. Чизе надид ва Искандарро гуфт:
— Гўл задаанд шоҳро. Чунин диж дар рўйи замин набувад.
— Ман низ донам инро, лекин дар зери замин бувад.
— Зери замин?
— Бале, дар зери замин.
— Духтар фирефта шоҳро.
— На. Ҳаст чунин диж. Аз ғори Ориёмаз то он диж роҳи зери замин ҳаст. Ва ту бояд онро муайян гардонӣ ва дарҳои бастаи онро кушойӣ.
— На, шоҳ. Дурўғ...
— Рост! Он асилзода ва духтари ў Рахшон дурўғ нагўянд.
— Шоҳо! Дар олам касе набувад, ки дурўғ нагуфта бошад ва ё нагўяд. Аммо касоне ҳастанд, ки дурўғ гуфта пушаймон шудаанд ва гўянд, ки дигар нагўям. Вале боз гўянд...
— Туро барои панд шунидан нахондаам. Агар маро панду андарз зарур буд, аз паҳлўи Арасту дур нашуда будам. Бихон ҳама раммолҳоро, ситорашиносонро, коҳину фолбинҳоро... Муайян бикун, роҳ куҷосту чора чист.

пешина
аз 411
навбатӣ