Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ай асилзода! Асир гирам то он замон турову духтаратро ва озодӣ бахшам?
— Рой турост. Агар шарт ба ҷо ояд, Рахшон ҳозир аст равшан кунад хонаи шоҳи мақдуниро.
— Ай асилзода! Бигўй, ки ягон каргас уқоб шудааст?
— Нашудааст? Аммо кўшидааст, вонамуд кардааст, ки уқобам.
— А, Рахшон! Чӣ фармойӣ?
— Аз чӣ боис?
— Асир дорам ё раҳо созам?
— Рой шоҳрост... Агар ба ҷанги дижи Ҳурон ҳамроҳ гирӣ, хубтар бошад.
Искандар чашмдор набуд, ки духтар чунин гўяд. Ба андеша рафт. Барзину Гераклро пеши назар овард. Роҳу илоҷу тадбир ҷуст. Садои Барзин ба гўшаш расид: «То замоне ки бо манӣ, осебе нарасад туро. Чун маро хор доштӣ, хор гардӣ.»
— Ё Оксарт! Бирав ба хонаат. Ҳар гоҳ, ки талаб кардам, бозовар Рахшонро. Қавли мардӣ?
— Қавли мардӣ!
Чизе наменамуд ба чашми Искандар ҷуз Рахшон ва дижи хаёлии зери замин. Вале тасаввур мекард, ки чун Тахти Ҷамшед аст ороста ба мармар ва машъалҳо фурўзон ва зери замин равшантар аз рўз аст. Ва ба он ҷо аз ин гулҳои сари роҳ, буни шахҳо, зери тармаҳо ва сабзаҳои канори рўдбор бояд кўчонд. Ба хотири Рахшон чунон бояд кард, ки на дар Порс бошаду на дар Юнон.
Шоҳ намехост ба хаймаи хеш ворид гардад. Зеро баъди ҳавои кўҳистони Суғд боз ба саропарда даромада пеши ҳаворо ба рўйи худ бастан маънӣ надошт. Ў парешон аст ва ранги рўй дигаргун дорад, Барзини зирак чизеро пай хоҳад бурд.
— Хуҷаста бод пирўзии шоҳ!
Кам рух медод, ки Барзин пирўзиҳои Искандарро хушнудона пазируфта ва чунин муборак дониста бошад. Аз ин рў сар афшонду чизе нагуфт, ки зани коҳинтабиаташ аллакай дониста пайдо гаштани Рахшонро.
— Ноҷўр тобӣ, Искандар?
— Бале, андаке. Хаёлам вараҷа маро пайгир аст.
— Магар дилат аз чизе ҳаросид ё...
— На.
— Кўҳистони махуф, дилам гувоҳӣ диҳад, ки...
— Дилат гувоҳӣ диҳад, ки дар паят ҳастанд?
— Оре, кўҳистон бунаю камингоҳҳои зиёд дорад ва кас пай набарад, ки бало аз куҷо ояд.
— Бало? Чӣ гуна бало?
— Балоҳои осмониву заминӣ.
— Ин чӣ ҳарф аст?

пешина
аз 411
навбатӣ