Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нигарон шуд Аристандрро. Боз дижро аз назар гузаронд ва дарёфт, ки барои гузаронидани базми арўсии Рахшон саҳни зебову фарохе дорад. Шоҳзодаи дар таъсири афсонаву ривоятҳои асотирии юнонӣ тарбият ёфтаро хуш аст чунин ҷою чунин манзара. Вале хавфе дорад. Дар ин жарфно барпо кардани базм пирўзии душманон бувад. Ёдаш омад, ки падарашро шаби базми арўсиву теотрравӣ дами дарвозаи теотр кушта буданд.
Ўро монанд ба падар гўянд ва қазову қадар низ бояд монанд шавад. Ҳолиё бояд эҳтиёткор бошад ва висоли Рахшонро бинад.
То омадани сарраммол боз сари чашмаи аҷоиб омад, хеле нигарон шуд ва яқин кард, ки Оби Ҳаёт ҳамин аст ва биҳишт дар ҳамин сарзамин.
Аристандри пешгўйро оварданд ва чашмаро нишон доданд.
— Оби Ҳаёт ҳамин нест?
— Мемонад.
— Деву ҷинҳо чунин ҷойро гузошта ба осмонҳо рафтаанд.
Аристандр киноя пиндошт ҳарфи Искандарро ва фармуд:
— Магар нарафта шавад? Сиёсату зарби шоҳ Искандар аз Қоф ба Қоф рафта.
— Яъне аз дев ҳам Искандар бадҳайаттар?
— На-на! Тавонотар ва зўртар.
— Офариин!
— Кӣ гуфт, ки ин ҷо дев дорад? Одамонаш девсуратанд. Бузургҳайат ва тарсовар.
— Чаро дурўғ гўйӣ, фиребгар? Касе нест он ҷо!
— Ҳаст. Ба чашми шумо натофтаанд...
— Маро кўр ҳисобӣ?
— На! Шумо биноед. Онҳо ба чашматон нанамудаанд.
— Ту коҳини дурўғгўйӣ, Аристандр. Роҳ ҳаст, гуфтӣ, роҳ нест; одам ҳаст, гуфтӣ, одам нест!
— Ҳаст. Шоҳ надидаанд.
— Ман кўрам!
— На. Дида натавонистаед.
— Пас дар куҷо?!
Аристандр дерёз нигарон монд ба оби фаввора. Як каф об гирифта рўй шуст ва афзуд:
— Роҳ дорад он ҷо; сарбаста, пурхатар.
— Бинамо!
— Равшан набувад, ки роҳ дар куҷост!
— Маккор!!!
Аз наъраи Искандар диж садо дод ва дўли замини фурўрафта моломол гардид ва худи шоҳ низ дам кард; тафсид, сурх шуд. Ў бояд коре бикунад, ки дар лаҳзаҳои косаи сабраш лабрез гаштан мекард. Бахуд буд ё бехуд сахт шамшер аз наём кашид ва ронд... Сари Аристандр бипарид ба даруни об фурў рафт андар фаввора, боло омад ва тани ў низ афтид ба об, ки фаввораро бозмедошта бошад.

пешина
аз 411
навбатӣ