Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Оне об нафасгир гашта дамма кард. Фаввора рангин омад ва оби ҷўйбор низ рангин шорид. Пасон об танро бардошт. Аз паҳлў сар луппӣ болои об баромад ва бо ҷўйбори хунин равон гашт; тан низ равон шуд аз паси сар, ки дошта дар ҷояш мечаспонида бошад...
Ҳанўз Искандар ба худ наомада сарбозе омад. «Шоҳам...» гуфт чанд бор ва таваҷҷўҳ накардани шоҳро дида ҳайрон монд ва хомўш истод. Ба оби хунин нигарист, ки дигарон низ менигаристанд. Ин он сарбозе, ки аввалин ба ғори Ориёмаз баромада, ба ҷойи даҳ толон аз Искандар дувоздаҳ толон подош гирифта буд ва ҳолиё Искандар диққат надиҳад, ки ў чӣ гўяд.
— Шоҳам! Пайроҳае меравад...
Искандар шунид ин ҳарфро ва рў овард:
— Куҷо меравад?
— Канори рости рўдак...
— То куҷо?
— То санги азиме, ки сари роҳ гузошта шудааст.
Искандар ба худ омад ва печ хўрд дар тани хеш. Андўҳаш гаронтар гашт. Ва парешону ошуфта ба об нигарист, ки пайдо кунад сари бетан ва ё тани бесарро. Об бурда буд онҳоро ҷудо-ҷудо таки диж. «Хок бар ғазаб!» Пушаймониаш дар андешааш пинҳон буд.
Даст сўйи ҷўйбор ёзид: «Доред! Пайдо кунед ўро!!!»
Об хунҳои каронаи ҷўйборро шуста буд, вале ҳар ҷо хунҳои баста тарҳ доштанд ва қатра-қатра нақш гузошта буданд. Аз қатраҳои оби хуногини фаввора, ки ба сангҳо пош хўрда буданд як ранги нимҳол хол-хол монда буд. Искандар гирифтори кирдори бад пайғоми сарбозро ҳазм накарда, посухе низ нагуфта. Сарбоз чун аз шамшери хунини дасти шоҳ донист, ки вазъу ҳолат нобоб аст, гоме пас рафт ва хешро дар паноҳи дигарон гирифтанӣ шуд.
Шоҳи муғамбир (доғулӣ) ўро низ дод зад:
— Чӣ овардӣ?
— Роҳ, шоҳам! Роҳ...
— Роҳ? Роҳи диж!?
— На... Пайроҳа, ки рафта ба санги азиме бархўрад ва гум шавад.
Боз хомўш монд Искандар ва ба оби равон, қатраҳои хуни нақшгузошта ва шамшери тези дасти хеш нигарист ва аввалин бор чӣ андешае ба сараш зад, ки шамшер ба ҷўши фаввора афканд. Як бор ҷило дод шамшери нуқрадастаи алмоскўби шоҳӣ ва пинҳон гашт.
Клити нозгунҷ, ки аз кўдакӣ то ҳол ҳамроҳи ўст, тозон омада Искандарро оғўш кард ва бўсид:
— Охирин? А, Александр, охирин касе буд, ки шамшери ту сарашро бурид. Ман хеле мехоҳам, ки охирин бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор