Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Қасос ситониданӣ буд духтарат?
— Чӣ гуна қасос?
— Қасоси Спитамонро!
— На, ҳеҷ қасосе набувад; шарти нангу номуси духтарӣ гузошта.
— Ҳеҷ асира ҳақ надорад шоҳро шарт гузорад.
— Пас чаро шоҳ он гоҳ нагуфтанд?
— Ман туро пурсам, на ту маро!
Оксарт дигар пурсу посух накард, балки ранҷид ва ба дил гирифт густохии шоҳро, ки аз чизе озурда ва парешон гашта, алам аз ў ситонад.
— Диж, гуфтанд, девсуратон ҳаст, гуфтанд, пиндоштам чунон диже, ки ҳама доройӣ ва хостаи суғдиён он ҷо бошад; худат ба чашмат дидӣ, ки ҷуз бўрёи ворафта ва дарида чизе нест он ҷо.
— Бале, дидам шоҳ... Ман ҳам чун шумо бори нахуст дидам...
— Дар чунин диж чӣ гуна базми арўсӣ гузарад?
— Рой шоҳро, агар нахоҳанд, нагузаронанд.

БАНДИ НЎҲУМ

... Ва базми арўсии асилдухти суғдӣ Рахшон ва шоҳи мақдунӣ Искандари Сонӣ оғоз ёфт. Саросари диж шамъ афрўхта буданд: аз ду дари нақб то даромадгоҳ чу рўз равшан буд. Андар каронаҳои жарфнои Ҳурон, қад-қади нардбонҳои ҳамоил, сари бораҳо, сари чашмаи фавворазан, паҳлўдариҳои гиливу чўбӣ, роҳравҳову кафшканҳо шамъ афрўхта буданд; тарзе ки Рахшон орзу дошт.
Дар саҳни диж, ки сангфарш буд, оташ афрўхта буданд ва падаҳо сарбасар чида, ки чарс-чарс сўхта шарора мепошид. Шўълаву партави он девораҳоро нигорин мекард ва даруни фаввора месўхт.
Се давр гаштанд Рахшону Искандар гирди оташро.
«Ин чӣ маънӣ дорад, Рахшон?»
«Гуноҳсўзӣ. Оташпарастон гирди оташ мегарданд, то бегуноҳ ба хонаи нав дароянд.»
«Магар мо гуноҳ дорем, Рахшон?»
«Туро надонам, лекин ман гуноҳ дорам.»
«Гуноҳат чист?»
«Гуноҳам ин аст, ки туро ба кеши хеш даровардам.»
«Чӣ гуна?»
«Низ оташпараст шудӣ.»
«Ман дар оғоз гуфта будам, ки мо аз як оину кеш ҳастем.
Оташ аз барқ бувад.»
«Ё барқ аз оташ.»
«Фарқ намекунад.»

пешина
аз 411
навбатӣ