Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳолиё Искандар донист, ки шитобу ғазаб чӣ аломатҳои нохубанд:
«Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?»
Шоҳ атрофи сангро аз назар гузаронд ва роғе надид. Санг тоза ва бечангу ғубор буд.
— Ту тоза кардӣ ин сангро?
Сарбоз пеш омад ва низ сангро аз назар гузаронида ҳайрон шуд. Дигар сангҳоро низ дид; чанголуд ва ғуборгирифта. Ба Искандар нигарист ва ба санги лайс. Пасон ба шоҳ намуданӣ шуда, хам хўрд ба пойи санг ва наздик нигарист ба пайи лағзидаи санг.
— Шоҳо, мисле ки санг лағзида. Магар ин пайи санг набувад?
Искандар низ сари пой хам хўрд ва сахт нигоҳ карда, гуфтаи сарбозро ҷонибдорӣ кард ба ишораи сар ва фармуд сарбозонро тела диҳанд ба зўри дасту бозу. Чун нерўманд буданд, онҳо ба як зўр сангро ҷунбониданд ва оҳиста-оҳиста санги азимро ноҷо карданд ва роғе пайдо гашт ниҳоят тира. Искандар чашм аз даҳана намеканд, ки деву ҷин маъво гирифта бошанд, чун мўру малах бояд бирезанд. Боз андешид, ки ҳама андарун бошанд, сангро кӣ гузошта андар даҳони ғор? Санг боз лағзид ва даҳони сиёҳи ғор пайдо шуд, ки чунин ҳолро дар ғори (Навид) Бохтар дида буд, ки Бесуси худовандкушро он ҷо маҳкам карда буданд.
«Ҳоло... Ҳолиё ҷанги хунин бояд бишавад. Ана-ана...» аз дилу хаёли шоҳ гузарад ва хешро канор гирад, ки тир назананд аз дарун. Аммо чунон нест, ки аз ин даҳони танг сипоҳ резад. Садое наояд, саре нанамояд. Дарун торик. Машъала афрўхтанд. Сарбози гармхун пешопеш як-як ворид гаштанд, ки ғор набуд, балки идомаи пайроҳа, ки дар баъзе ҷойҳо қомати расо сар хам карда мегузашт. Хеле рафтанд, нишони зиндагӣ набувад. Паймуданд нақби тўлониро ва боз бархўрданд ба санги азиме. Берун тела додани он осонтар буд. Чун бо зўр сангро якбара карданд, рўшнойӣ даромад ва ҳавои тоза, ки то ҳол онҳо аз ҳавои дамзада нафас мегирифтанд. Ва он сарбози шераку пешгард сар аз нақб бурун оварда ба чаҳор самт нигарист; шахҳои баланду бегиёҳ, дар баъзе новагиҳои соярў барфи баста ва поёнтар оби равонро дид, ки яқин оби жарфно буд, ки дар охири жарфно зери замин гум шуда аз ин ҷо рў мезад. Дуртар рафт сарбоз, поёнтар талу теппаҳо ва фарохно метофт, ки нав ранги заминро сабза пўшида буд. Ҳамагон баромаданд аз нақб. Гумон доштанд ба назди хаймаҳои майдон мебароянд, вале дараи ноошноро диданд.
Искандар ҳайрон, ки ҳама пешгўйиҳои Аристандр дуруст омад, ҷуз одамони девсурати диж. Онҳо куҷо шуда бошанд? Ў бисёр мағз об накард дар ин боб. Аз ду ҷониб посбон гузошт нақби дударро ва баргашта бо зинаҳо баромад сари бора. Оксарти суғдӣ ҳамроҳи ў буд.

пешина
аз 411
навбатӣ