Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Аз гурбаи онҳо ҳам бадтар, ки чўҷаро мехўрд. Чўҷаи сапедаки дўстдоштаи ўро.
Ў ларзид. Лек надонист аз чӣ. Дар вуҷудаш як сардӣ пайдо гашт ва ларзид. Ў воҳима, тарсро намедонист, лекин медонист, ки гоҳи сахт гурусна монда оби сард хўрданаш танаш чунин вараҷа мекард, ба сараш дард медаромад, оби биниаш кашол мегашт ва модараш испанд дуд карда, шири гарм хўронда ва дар танаш равғани шишак молида дуруст мекард. Ў умед дорад, ки модараш аз хоб хеста, ҳолати ўро дида ҳакимиву табибиашро такрор мекунад.
«Нана!!!»
Аксаш меояд аз шахҳо; такрор шуда, аз яке ба дигаре гузашта, силсила мебандад. Вале мурғони ҳаром намеҳаросанд. Гушнаҳои нав аз тори ҳаво пойҳояшонро кашол карда фаромада ўро ба таҳлука оварданд.
«Нана-нана-нана!» тез-тез модарро ҷунбонида ва хатарро фаҳмониданӣ шуда, садо дод, вале ў наҷунбид. Балки мурғ сари санги рў ба рў, ки даст ёзӣ, расад, нишаст ва гардан тофта ба атроф нигарист. Касе ё чизе ё хатаре набуд, ки аз ҳамон ҷо гардан дароз кард. Ардашер даст афшонда «кишк» гуфт, напарид. Сангчае пайдо карда ҷонибаш андохт, бол кушода париданӣ шуд, аммо писаракро писанд накарда, боз болашро ҷамъ кард. Писарчаи панҷсола аз ин зиёд коре карда натавонист. Аз сангзор чўбе пайдо карданӣ шуд, наёфт. Пас гирист, ки мисли модар раҳмаш омада ба ў кўмак мекарда бошад.
Ово ва нолаву шевани писарак аз шахҳо акси садо медод. Каргасҳо писанд намекарданд, додрасе набуд.
«Додо!» Ба гўшаш расид ин садо ва ў орому хомўш гашт. Гўш дод, ки такрор ёбад ё на. Наомад садо. Ба ҳар ҳол ёд овард падарро, Спитамони бузургро, ки сифатҳои беҳтаринро аз модар ва пайванду табори хеш шунида буд. Ба пиндори Ардашер зўртар аз падари ў падаре нест ва ў ҳоло бар зидди душман меҷангад ва душманонро аз кишвар зада меронад ва баъд омада онҳоро мебарад. Аҳду паймон чунин буд. Тасмалаттаи рамзии ба пешониаш бастаи падар ҳоло дар гарданаш. Бозубанди аз китфу зери каши чап гузаронидааш барҷост. Худаш омада мекушояд.
Ва то он вақт ў бояд модарро нигаҳбон бошад. Чунки Спитамони бузург ўро ба модарашу модарро ба ў супорида рафта буд...
«Додо!» Нашунавад падар. Посухе нагўяд. Ва ў бархоста ба он болои баланди шах менигарад ҷониби ғор, ки шояд падар он ҷо ояд ҷуста. Қарордодашон чунин буд... Вале наомад падар. Шаби дигар наздик, шўълаи хуршед дар қуллаҳо боқист ва зардӣ дорад.
Ва кўдакро воҳима гирифта...
«Их!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор