Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз паст, аз ҷое, ки шарфаи пасти об меояд, шунида шуд садо.
Ин маъниро кўдак мефаҳмад: касе хар дорад. Такрор намешавад садо. Ардашер зиёд диққат медиҳад, такрор намешавад.
«Нана!»
Гўё посух мегўяд ба овози харкор ва хомўш мемонад; гўш медиҳад.
«Иишшш!»
Ин аломати боздоштани хар. Дониста ё надониста баланд овоз баровард, ки хараш кар бошад.
«Додо!»
«Ҳў-ҳў-ҳў!»
Садои дарак аз хеш додан буд.
«Ҳў-ҳў-ҳў!»
Тақлид кард ва дар ин ҷо буданашро фаҳмонд. Пас бар тори сари модар хам хўрда, ҷунбонд:
«Нана! Падарам омад! Бихез!»
Ҳайҳот, аз шоҳдухтари порсӣ ҷавобе, ишорае набуд.
«Охир чаро намехезӣ, нана? Ба падарам чӣ гўям?!»
Пасон сари бораи сангӣ омад боз, то нигарад ба паст ва падарро бубинад. Вале харе метофт бўрранг ва дар пушт хўрҷин дорад ва дастаи табар бурун аз чашми хўрҷин метобад. Соҳиби хар натобад.
«Додо!»
1 «Ин манам, писар! Ту дар ин санглох чӣ кор мекунӣ?»
Писар сари аз шахча каме намоён шударо дида, фарёд зад:
«На! Ту падари ман найӣ!.. Нана! Ў падарам нест! Онҳо боз омаданд! маро бубаранд! Бихез, нана!»
Боз сўйи модар тохта ва худро бар сари синаи ў партофта фарёд зад аз тарс писар ва ғаш кард:
«Нана! Нана! Агар нахезӣ... агар нахезӣ... агар нахезӣ...»
«Ту натарс, писарҷон! Ман аз онҳо нестам! Ман одамони Искандар нестам. Ман шубон! Ман барои ту омадам...»
2 Ва чашми марди чакманпўши асобадаст ва поликпўш ба зани хуфтаи даридалибос афтод ва даҳони хеш боздошт, ки худ хомўш бошад ва писараки гирён ўро дида низ ором гардад. Писарак, ки чашм пўшида мегирист, ҳолати ўро намедид.
«Писарам!..»
Шубон давоми сухан нагуфта писар бозмонд аз гиря ва чашм кушода ба ў нигарист. Марди офтобхўрдаи сиёҳ, болои биниаш пўстпартофта; лабонаш карахшбастаи аз ҳам дур ва аз қатори дандонҳои зардчааш дандони чапи пеш афтида.

  1. Санглох – сангзори шахҳояш афтида ва камару ғоракҳо дошта.
  2. Поликпўш – наъе аз мўкӣ, ки ресмонаш ба банди пой печонанд.
пешина
аз 411
навбатӣ