Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Нахустхоҳиши ман ин аст, ки дигар корзор накунӣ, – оби домон ҷафида гуфт Рахшон. Ва ҳам домон ғиҷ карда хомўш истод, то аз шоҳ чӣ ояд. Ниҳоят кафид:
— Аз фаросоти хеш гўйӣ ё касе фармуда туро?
— Огоҳ кардам: ҳар чӣ дилам фармояд, он гўям.
— Гувоҳии дилат барҳақ бувад. Устодам Арасту низ дар руқъааш чунин фармояд. Ў ғазаб карда, ки ман давлати Юнону Машриқро ба ҳам омехтаниам. Устод маро ба бозгашт мехонад ва мефармояд, ки он чӣ мурод доштам, ба он расидам. Ҳолиё Юнонро ҳукмрон ва «барбарҳо»-ро забардаст ҳастам.
Дергоҳ ҳарду хомўш монданд ва надонистанд бо чӣ ҳарфе идома бахшанд сўҳбатро. Рахшон дер хомўш монда натавонист:
— Андешаи шоҳ чӣ гуна?
— Ҷиддӣ наандешидаам. Худои Аммон дар маъбадаш ваҳй дода буд, ки ҷаҳонгир бояд бишавам.
— Магар ҳоло ҷаҳонгир нашудайӣ? Аз ин боло дигар роҳ набувад. Ин ҷо каронаи Гардун. Офтоб аз ин ҷо тулўъ кунад, Оби Ҳаёт ин аст. Ва устод дарёфта, ки ба мурод расидайӣ.
— Мазмун, чунин! Аз номаи дигараш равшан:
«Рўзе бародарзодаи аллома Арасту Коллисфени таърихнигор як руқъаи илмӣ-фалсафии устодро овард ба Искандар. Нома баҳси тўлоние дошт дар хусуси ба ҳаракат дароварандаи доимӣ, ки худ ҳаракат надорад ё муҳаррики доимӣ бидуни ҳаракат бошад.» Ту чӣ гўйӣ ба чунин масъалагузорӣ? Оё мумкин бувад, ки
1 як муҳаррик вуҷуд дошта, ки худ фоқиди ҳаракат бошад?
— Ман файласуф ё донишманд нестам, лекин бояд бошад. Он ки ин дунёро офарид, низ бояд гардонад.
— Ба ҳар ҳол ман ба ў посух набиштам.
— Чӣ набиштӣ?
«Аз Искандар хитоб ба Арасту... номае, ки шумо набиштаед, мисли ин ки фақат дархури фаҳми хос аст ва баъд аз ин номаҳо ва рисолаҳои худро тавре нависед, ки ҳама мардум битавонанд аз он истифода кунанд...»
— Қабл аз ин ҳам ба устодат чунин хитоб менавиштӣ, Искандар?
— На. Номаҳои шогирдона дигаргуна буданд.
— Чӣ гуна?
— Чунин оғоз мешуданд: «Аз тарафи шогирди мутавозеъи шумо хитоб ба устоди бузургвор...»
— Сад дар сад дигар шудайӣ, Искандар. Устод низ дигар шуда.
— Чӣ гуна?

  1. Фоқиди ҳаракат – беҳаракат.
пешина
аз 411
навбатӣ