Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хитобаат нисбати устод тунд ва носипосона. Вале устод наздик ба ҳақ ва офаридгор. Ў бовар надорад, ки чунин олам бе дасте, худ аз худ ба вуҷуд ояд. Охир нигар бузургон хурдонро зинда фурў баранд, чунон ки наҳанг моҳиёнро.
1
— Туро ба Киса бояд бурд, то фалсафа биомўзӣ.
— Зарурате надорад.
— Панҷ сол аст, ки аз он донишгоҳ дурам ва ба ишораҳои рамзии устод таваҷҷўҳ надорам ё сарфаҳм наравам.
— Дар фалсафаи Машриқзамин чунин фикр ҷой дорад, Искандар. «Худованди Кайҳону Гардонсипеҳр, фурўзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.»
— Ин замон ҳама чизи ман ту ҳастӣ, ҳатто ақлам. Зеро ақламро рабудӣ, нодон шудам.

БАНДИ ЁЗДАҲУМ

Муддате чанд шорсони овозадор ва сахтдевори Мароқанд чунин шукўҳу шаҳомати чашмнадидаву гўшнашунидаро надошт.
Гоҳе ки Хуршед андар бурҷи Тир буд (соли 328 то милод) шоҳи мақдунӣ баъди базми арўсии беназири дижи Ҳурон орамида аз ташвишҳо ва сафари болооби Нимич ҷашни худованд Диониси писари Зевси Барроқро ид карданӣ шуд. Ҳамгўшаҳои Искандар дар ҳайрат буданд, ки чаро шоҳ худоёнеро фаромўш кард, ки хешро писари онон мехонд, чаро Гераклу Ахилли нимхудоёнро ёд накарда, якбора ба ҷашн гирифтани писари худои Зевс камар баст? Гоҳе ёдрас мекард, ки Диониси диловар замонҳое ба сарзамини Шарқ пой ниҳода. Вале ин чиз боиси базму сурури Искандар нахоҳад буд. Шояд барои худситойӣ намоише ороста бошад, ки Рахшонро дар ҳайрат гузорад.
Дар ҷашн гетайрҳои ба ў наздик, солорони сипоҳ, сипаҳбадон, сарфавҷҳо, сарбозони шинохта, ёрони даврони кўдакиву ҳамрикоби ҷангӣ, гетерҳои нозанину боҳунару соҳибҷамол, бонувони эронӣ, ашрофзодагони суғдиву бохтарӣ, ширинкорон ва наздикони хешро фаро хонд ҷуз Барзину Геракли писараш.
Шоҳ қурбонии зиёде кард рўзи иди Диониси худованд, ки бисёрии чорпоёнро ҳокими тозакори кишвари Суғд Оксарт омода сохта буд. Вале чунон шуд, ки Искандар ҷашнро ба номи Дионису ба коми Диоскур гардонд ва ҳамватанони шоҳ дар шигифт афтоданд аз чунин рухдод. Гургони борондидаи базм, шағолони маккор ва палангони хунхор гардан миёни шонаҳо фурў кашиданд сангпуштвор, ки Искандар огоҳ набуд, ки рамааш чунинон низ

  1. Киса – донишгоҳи фалсафии Юнон.
пешина
аз 411
навбатӣ