Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандари тафсида ҳоло ҳам ҳайрону парешон буд ва намедонист сухан аз куҷо оғозад ва аввалсуханро ба кӣ гўяд. Ҳамин қадар аз мағзи ў гузашт: «Магар инҳо низ қасди маро доранд?»
— А, шумо низ...?!
Рахшон хешро тозаарўс ва нозгунҷи шоҳ дониста пеш омад ва сар андохт.
— Чӣ дард дорӣ?
Ба гўши Барзин расид, ки шоҳ сухани вопасини Рахшонро пурсид; як қад парид. Вале садои пасти Рахшон баромад:
— Ман хостам онҳоро, шоҳ... Агар кўтоҳие гузашта, пўзиш аз шоҳ.
— Мурод чист?
— Мо бояд якдигарро хубтар шиносем ва Гераклро ҳамҷоя бузург кунем.
Шоҳ хомўш, аммо дарозо ба чашми Рахшон дида дўхт, ки пурси зиёд дошт. Рахшон ба пурси ў чунин ният доштанро ба тарбияи пури Спитамон Ардашер гуфтанӣ шуд, вале забон газид.
«Аҷаб...» – зери лаб гуфт Искандар ва ғуррид: «Аҷаб! Аҷабам ояд, ки кори ягон палонҷ накардаро шумо кунед! Агар дар ҷаҳон ду қавми ба ҳам душмани ашаддӣ бошад, яке палонҷҳо буванд.
Агар муроди шумо оштист, донед, ки гетӣ ба оштӣ гардад.»
Писарро ҳам дўстдорӣ накарда баромад.
Номеҳрубонии падар ҳам Барзинро сахт расиду ҳам Рахшонро.
Вале Гераклро баъд алам кард, ки ў ноз карда бо заргўш андармон гашт, падар напурсид, навозише накард. Ў заргўшро сахт ба банди дил пахш карда ду дида ба рўйи модар хомўш бозистод.
Рахшон алами кўдакии ўро дарёфта пеш омад ва ўро бо заргўш якҷоя ба оғўш гирифт ва сар силаву навозиш кард.
«Падарат сари ғазаб, Геракл, хуб, ки аз ин зиёд чизе нагуфту коре накард, ман зиёдтар чашмдор будам. Ту донӣ, ки Клитро дашна зада кушт...»
«Клитро? Клити бовафоро? Ҳамонро, ки дар ҳама ҷангҳо сипару ҷавшани Искандар буд?»
Пурсид Барзин, ки гоҳи базм дуриро авло дониста писар ба канори Фушун бурда буд ва аз оқибати ҳангомаи базм ноогоҳ монд. Ҳолиё ҳайратзада пурсид қатор ва натавонист давом диҳад пурсашро. Аз ҳолу мадор рафт. Ҳар умеде, аз ин ҷаҳону касон дошт, барбод рафт. Аввал чашмони пурсон ба наварўс дўхт: «Чӣ гўён моро баргардонидӣ?» Сонӣ ба писар нигарист: «Моро низ зинда нахоҳад гузошт.» Чун писар нашунид садое ва ба маънии нигоҳи модар сарфаҳм нарафт, боз чашми суол ба Рахшон дўхт.
«Оқибат ҳама Клит хоҳем шуд?»
Рахшон сари Геракл дастмол карда худ аз худ ба сухан оғозид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор