Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Шоҳ сари шўрида дорад, бо ў баҳс ё тую ман кардан нашояд.
Чун ба худ ояд, даргузарад ҳама парешониҳо ва ҳайраташ.»
«Ту будӣ, дидӣ, ки чӣ шуд?»
«Ҷурми Клит низ буд, ки бо ў ҳамзабон гашт ва шоҳро таънаборон кард...»
«Дигар пеши ин рўдбори хунро баста нашавад...»
«Чӣ гуна рўдбори хун?»
«Кори одат шуд куштану хун рехтан Искандарро. Чашмаш хун гирифта; хунро хун шўяд. Агар хун нарезад, равонаш коста гардад... Нашнавад суханони моро... Хуни мо низ бирезад...»
«Заргўшакро низ, оча?»
Онҳо ба чашмони ҳамдигар нигарон монданд ва писарро чизе гуфта натавонистанд. Писар хеле нигарон истод сўйи онҳо, то посухе бишнавад, аммо онҳо дар ҳаққи Искандар ҳарфи ноҷо гуфтанӣ набуданд.
«А! Заргўшаки маро низ ку...?»
«На, баччаҷон... Ин нахустшикори туст, падарат надонад. Чаро ўро нагуфтӣ, ки ин ҷонваракро шикор кардӣ.»
«На, имкон надолад гуфтан. Ў ғазаб кунад, ки чало бе лухсати ман ба шикол лафтӣ.»
«Баҳона кунад ва моро ҷазо диҳад?»
«Оле. Хуб аст, агал надонад.»
«Ва хуб аст агар донад, ки ту шикорчӣ шудайӣ.» – Фармуд Рахшон.
Хеле хомуш монд Геракл ва арза дошт:
«На. Ман назди ў нахоҳам лафт.»
Базмҳои паёпай ва кушторҳои мусалсал Коллисфени таърихнигори ботаҷриба ва аз сафару набардҳо баҳрамандро дилгир
кард. Пайваста шароб хўрдану базму айш рондану шўридану
куштану сўхтану рабуданҳои якранг ба дилаш зад; дар сафҳаҳои
баъдин ҷой додани шўру шарро раво надид. Марги Пармониёни
сипаҳсолору писаронаш, фоҷиаҳои ёрону ҳамрикобон, бавижа
куштори нобаҳангоми Клити вафодор вақоеънависро бурун аз
худ овард, аммо шўри пешонии сипаҳбад Клит дарс шуд, ки
нигоранда сахт аз худ наравад ва бо шоҳ тую ман накунад. Зеро
шамшери тез ва дашнаи хунолуди ў ҳар гуна гарданро бурад
ва сарсинаҳои рўйинро сўрох кунад. Ҳама андеша, гуфтор, саргўшӣ, миш-мишҳо, норизоиҳо, таънаву нафрин хонданҳо; ёди
ватан карданҳо, пазмони дидори табору пайванд шуданҳо андар
дилу дида ва мадди назару сари забони ин мирзо буд, аммо чизеро намедид, намешунид, намедонист. Таҷрибаи рўзгор чунин
омўхташ. Вале ҳамаи ин чун ҳалоҳили андак зара-зарра кора ба ҷисму ҷонаш дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор