Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин гуфтори Коллисфени доно эллониёнро шод гардонд, вале Искандарро ба хашму ғазаб овард:
«Фаромўш кунед чунин лофу газофро!»
Баъзеҳо аз хитоби Искандар рўҳ гирифта бо ҳай-ҳай ва сарҷунбониҳо Коллисфенро айбу эрод карданд ва шоҳро шерак гардониданд, ки ғазаб бар сари таърихнависи носипос бирезад. Аммо Искандар аз роҳу рою усули кори хеш нагашт. Ў ҷоми зарин баланд кард ва шароб нўшид. Дигарон нигарон буданд, ки навбати кист? Кӣ бояд аз ҷоми зарини шоҳона шароби навбатӣ хўрад ва шоҳ Искандари Мақдуниро саҷда орад, бархоста бо шоҳ лаб ба лаб бўса занад, то шоҳи ҷаҳон донад, ки шаробхор гаравидаи ўст. Искандар ҷоми зарин пур кард ва банавбат гардонд. Аввал аз наздикон ва дилобхўрон. Онҳо ҷом ба сар мекашиданд, пеши пойи шоҳ сар меандохтанд ва бархоста шоҳро бўса мезаданд.
Навбат ба Коллисфени хирадманд расид. Ў назди шоҳ рафт. Аз дасти шоҳ ҷоми зарин гирифту шаробаш бихўрд. Вале зону назад, сар пеши пойи ў наандохт. Ҷом ба хидматгузоре баргардонду наздик шуд ба шоҳ, то бўса занад... Аз канор садоҳо омад:
«Шоҳ! Бўса мазан бо он носипос!»
Шоҳ, мехост ё намехост, бўса накард бо таърихнигори аз шурби шароб андаке мағрургашта. Балки кафи даст пеш дошт ба рўйи ў, то наздик нагардад. Коллисфен низ паст наомад:
«Боке набувад: ман агар гум кардам, танҳо як бўса гум кардам!»
Шоҳ Искандар сухани ў нашунида ангошт. Ҷоми зарини дуввум, ки дар дасти ў буд, баланд медошт хомўшу било ҳаракат ва ноҷунбон. Дар асл хаёлаш ба дуродур рафта буд: «Чӣ касест, ки Арасту бо ў ҳамроҳ кард?» Чун абру барқу барфу борон хира-хира ҳама шудаву буда аз назараш гузаштанд ва надонист андар миёни онҳо рўшноие буд ё на.
Коллисфен медонист подоши ин ҳақиқат ё густохиро. Аммо тир аз камон ҷаст ва шоҳ ба ҳар ранге пазирад, рой ўрост. Таърихнигор ба чашми Искандар нанигарист, балки дида ба ҷоми баланди дасти ў ва сукуту андаке сар андохта, ба кирдори муҷассама истодани ў дўхт. Медонист ҳамаи ин чӣ маънӣ дорад. Шоҳ андеша дошт. Чунон ки бо Клиту дигарон карда буд, нашўрид ва ғазаби зардинагии хешро ба кор набурд. Фаҳмиданд ҳама мақсади истоди шоҳро ва як-як бурун рафтанд. Аммо Коллисфен бурун нарафт. Рў ба рў монданд.
Субҳ дамид; субҳи деринтизор. Шоҳ буду таърихнигор. Ҳамчунон шоҳ ҳайкал гашта ва кас намедонист аз дилаш чӣ гузарад.
Коллисфен аз зеҳну андеша мегузаронд, ки умр боқӣ бошад, чунин шакл гирифтани шоҳ Искандарро дар ҷое хоҳад кашид. Пурсу пос, лофу газофашон тамом шуда буд; яке амалро диранг дошт, дигаре подош нигарон.

пешина
аз 411
навбатӣ