Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў сабурӣ ва шикебойӣ пеша карда буд, то чӣ пеш ояд. Нигоштаҳояш як рў, нонабиштаҳояш як сў ташвишаш медоданд: ҳамвора аз қисмати Искандар, аз тақдири Юнону тамаддуни эллониҳо андеша дошт ва ангушти ҳайрат мегазид, ки чаро лашкаркаши монанд ба падар тахти шоҳаншоҳии Порсро аз маснади Юнону мулки падарӣ боло мегузорад. «Моҷарои шоҳи мақдуниву Клити вафодор фардо достон хоҳад шуд. Агар ман наситоям, дигаре хоҳад сутуд. Сабуксориҳои шоҳи сархуш нафрини пасовандонро афзояд. Худоёни юнонӣ аз ёди шоҳ рафтанд; ба як ваҳйи коҳинони маъбади Миср падари хунӣ бифурўхт.
Кӣ замонат диҳад, ки дар оянда чиҳо кунад?»
Таърихнигориҳои Коллисфен дилу бедилон шуд. Юнониёнро дилаш месўхт, ки боумед омаданду ноумед шуданд; касдор буданду бекас шуданд. Онҳо шоҳзодаро Искандари оламгир карданд, вале назди ў беэътибор гаштанд. Ҷигараш сўрох гашта буд аз ҳамдигарро куштанҳои бардаҳои юнонии лашкари Искандару сипоҳи Доро. Ба вижа гоҳи дар Ориё асирони юнонии Хишоёршоҳ аз Отин оварда, ки шоҳ Искандарро бо гулу шукуфаҳо ва шохаҳои сабз пазиро шуданду садо доданд, ки наҷотбахши мо омад ва шоҳи мақдунӣ ба ҷойи дилдориву наҷот ононро қатли ом фармуд, таърихнависро осудаву ором гузошта натавонад. Коллисфен дар гўшаи дафтари хотирот «ваҳшоният» набишт ва зерашро хат кашид, то фаромўш накунад он рўзро. Дилаш гиристу гирист, вале аз ҷабру ситами Искандар сиришк рехта натавонист, магар гоҳи хоб.
Ба танг омада буд таърихнигори юнонӣ. Дарку эҳсос мекард, ки косаи сабр лабрез гашта, оё худдорӣ карда тавонад ё на? Зеро ду роҳ пеш омада: яке роҳи шоҳ Искандар, дигаре роҳи фарҳанги юнонӣ. Дар аҷаб аст, то бо кадом роҳ биравад?
Файласуфи шаккок Анаксархи шогирди Демокрит, ки Коллисфенро дандон дошт ва ҳамеша зидди ў рафтор мекард, аз куҷо дарак ёфта, ки аз дили таърихнигор чунин андешаҳо гузарад, хешро ҳамдарду ҳамақидаи шогирди Арасту Искандар дониста, ба оташи дили таърихнигор равған мезад:
«Аз он ки Дионису Геракли юнониро худо хонем, беҳ бувад, ки Искандарро худо донем! Хуб нест магар, ки худои мо мақдунӣ бошад?»
Мақдуниён каф кўфтанд, дигар ҳама хомўш буданд. Коллисфен дар гирифт:
«Ман ин файласуфмаоби шаккокро, албатта, ҷонибдорӣ мекунам. Бешубҳа шоҳ Искандар сазовори эҳтиром бувад, ки инсонро хос аст. Вале мо бояд фаромўш накунем, ки эллониҳо расму оини хешро доранд: онҳо худоро худо шиносанд, касро кас. Ин ду чизро ба ҳам омехтан носавоб бувад! Худоён ҷурми бандагони носипосро набахшанд.!»

пешина
аз 411
навбатӣ