Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Шаби посдории Гермолай ва ёронаш буд. Чун паймон баста буданд, навбатдориро ғанимат дониста, нигарони омадани шоҳ шуданд. Зеро ҳар гоҳ, ки шоҳ аз базму тараб баргардад, беҳушу беёд ба шабистон медарояд ва танҳо хоб мекунад. Рахшони наварўс андар шабистони дигар, вале сўиқасдчиён огоҳ нестанд, ки Барзину Геракл дар куҷоянд.
Ва он шаб аз шоҳ дараке нашуд. Сапеда дамид. Искандар наомад. Дар пўстини Гермолай кайк даромад, ки касе ҷосусӣ карда пайк ба шоҳ бурда ва ў аз нияти онон огоҳ гашта ба ҳарам надаромад. «Агар маро кушта, авлотар буд аз он ки ҷонварро. Чӣ гуноҳе дошт?» Он гоҳ оби чашми Гермолайро касе надида буд.
Ҳоло зери пардаи бунафшранги сўйи ховар сиришкаш сари синаашро тар кард ва гулўяшро буғз панҷа зад.
Садои пойи касон ўро ба худ овард ва оби дида бо мушт сутурд. Дилаш ба тапиш даромад, ки аз барои ў омаданд, зеро новақт меоянд. Посбонони мусаллаҳ буданд. Дили Гермолай тапид ва ёронаш гардан миёни шонаҳо кашиданд. Вале чун ҳаррўза сарпос посбонони навбатиро оварду гурўҳи Гермолайро рухсат дод. Гермолай ёронашро таъкид кард, то даҳон сахт доранд, ки ҳаёташон дар сари мўй кашол аст.
Аммо сирре, ки ду тан донад, саввумӣ низ огоҳ гардад. Дуздиву ғаррӣ паси саргини хар. Асрор ҳувайдо шуд: яке аз ёрон сархуш гашта, ба касе лаққидааст, он кас мужда ба Биталомус бурдааст ва Биталомус ба шоҳ.
Шоҳ фармуд Гермолайро ба маҷлиси низомиён кашиданд.
— Сўиқасд кардӣ, Гермолай?
— Сўиқасд кардам!
— Чаро?
— Ба марги Файлотусу падараш Пармониён ва Клити бегуноҳ ва шабҳои бехобиву базмҳои бемаънӣ.
— Ройзану раҳнамоят кист?
— Он хуки Гуроз! – киноя зад Гермолай.
Хандиданд маънии сухани ўро сарфаҳм нарафта. Гермолай низ сахт хандид. Ёронаш меларзиданд.
Искандар хашму ғазаби хешро фурў нишонда натавонист:
«Оташ занед!»
Шоҳи мақдунӣ бовар надошт, ки чунин берўву риё бо ў сухан гуфтани Гермолаи ҷавон ройи худи ў бошад: «зери коса нимкосае бояд бошад.» Дар ҷавонӣ худи шоҳ низ якравию ноҷокориҳои зиёде карда, аммо на чунин, ки Гермолай кард. Бовар надошт, ки Гермолай, ёронаш ва мураббии пурдон қасди ҷони ўро доштанд.
Гоҳи дод ҷавонони бегуноҳ андар додхона пурси додгустарро посух доданд, ки касе ба ин кор ёр нест, шоҳ бовар накард. Бавижа баъди он ки Коллисфен аз зону задани пеши пойи ў рўй тофт, шоҳ бовар надошт, ки устоди ҷавонони мактаби ҳарбӣ – Коллисфен ба ин суйиқасд ҳамроҳ набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор