Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғазаб кард ва хашмаш афзуд, то баҳонае пайдо гардад ва адаби таърихнигорро диҳад. Таассуф мехўрд, ки дар базми оншаба ўро аз пайи Клит нафиристод.
Боз базм орост Искандар ва фармуд Коллисфени хушгуфтор суханронӣ кунад. Таърихнигор, ки солҳои дароз сари дил пур карда буд, айни муддао донист чунин базмро, то дил холӣ кунад.
Зеро ғарази новақт базм оростани шоҳро дониста, худро омода сохта буд ҳам ба набард ва ҳам ба ҷанги даҳанакӣ. Аз мушоҳидаи нобакориҳо, нобасомониҳо ва аз худроиву худкомии шоҳи ҷаҳонгир ба танг омада буд ва мехост дили пур ва ғами сарсинаи дамидаро холӣ бикунад; ё бо гуфтор ва ё бо теғ. Синаи моломоли дард илоҷи дигаргуна холӣ шудан надошт; ё гўяд… ё теғ зада, сўрох карда, боди гардони дилу синаву мағзи ўро бароранд:
— Шоҳо, он чӣ аён бувад, чӣ ҳоҷати баён бувад. Ман аз рўйдодҳои пешину пасин дарёфтам, ки юнониёнро роҳи бозгашт нест. Лекин шоҳ набояд ҳама гумонбарҳоро якранг кайфар бахшад.
Шоҳи ҷаҳонгир бояд бидонад ва фаромўш накунад, ки барои шўҳрат ва овозаи Искандар хомаи Коллисфен зиёдтар хидмат карда аз шамшери мақдунӣ!
Искандар чунин гуфторро умедвор буд, то ўро ангезад ва бар равғани оташу ғазабаш равған резад. Вале ў нашўрид, наёшуфт, балки найранг ва доми тазвир ба кор бурд:
— Ай устоди суханвари базморо! Имрўз хештанро ситоиш макун, балки бартариву пирўзиҳои мақдуниёнро бигў, то онҳо донанд, ки кистанд, чӣ арзише доранд, то огоҳу омода бошанд, ки боз чӣ корномаҳое бисозанд. Онҳо бояд аз забони ту бифаҳманд, ки эътиборе доранд назди шоҳу таъриху таърихнигор!
Коллисфени суханвар сар андохт, ки ба дом омад, вале устодаш Арастуро ёд овард ва он сӣ тан ҷавонмардони суғдиро, ки «Сар медиҳему ватан ба душман намедиҳем!» мехонданд гоҳи зери дор рафтан.
Каф кўфтанд мақдуниён, офарин хонданд ва гулафшон карданд Коллисфенро. Искандар дарёфт, ки ният ба муроди ў нахўрд, найранги дигар пеш овард:
— Чизи сазовор ва арзандаро ситоиш кардан саҳл бувад.
Инак, агар хоҳӣ, устоди сухан будани хешро собит гардонӣ, чун айбҷў ва хурдагир ҳарф бизан, то мақдуниён чашм аз норасойӣ ва нотавонии хеш напўшанд ва ба ислоҳаш бикўшанд!
Таърихнигор дарёфт муроди шоҳро. «Ё тир бикафад ё кунда»
гуфт. Медонист, ки бародарони эллонӣ аз дасти худкомони мақдунӣ ба танг омада буданд. Нисбати онҳо нафрат доштанд ва дар дил кина мепарвариданд. Гуфтору рафтори шоҳ худи ўро дилгир карда буд. Аз ин рў маҳорати суханвариашро ба кор бурда, ба сари мақдуниён бирехт иддаояшро:

пешина
аз 411
навбатӣ