Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро нақша чунон буд, ки агар гардунаҳои ҷангии ў ба маймана ҳамлавар гарданд, фавҷи пиёдаи сипаҳбад Кен битозад аз пас ва тирандозону найзаварон бирезанд ба сари пилону саворони душман. Чунин нақшаву чунон овард ба д-он расонд, ки хун омехт бо об. Саворони ҳиндӣ андар паноҳи пилон рў ба фирор оварданд. Искандар ончунон овард кард, ки корзор бадал шуд ба гирдоб; чунон ки дар чунин ҳолатҳо саг соҳиби хеш наёбад; пиёда бархўрд ба савора, асбон заданд ба пилон; найза ба сипар, ба тахтапушт бархўрд, шамшер ба ҳаво ва тир ба ёрон. Гирдоб шуд. Ва Бусефали Искандар андар даҳанаи гирдоб ба сар рафт ва дигар мадори хестан накард. Искандари ҷавону чолок биҷаҳид бар асби бесавор. Нишаст бар зину идома дод пархошро. Ба назар оне нафаси тоза дамид, ҳиндуҳо ба худ омаданд, боз ҳуҷумовар шуданд. Пилон тохтанд бар пиёдагон ва помол карданд чу мушон. Сипас пилони зиёд савор гум карданду захмӣ гаштанд ва обсару девонаву сарчархак шуданд. Онҳо хартумҳои хеш алвонҷ дода, гўшҳои ба кирдори барги карам паҳну бузургашонро афшондаву бод гиронда, сумҳои рафида сахту гарон зада худиву бегонаро яксон зери пой мекарданд то рамақе доштанд; ё то қатраҳои хуни вопасин ҷасту хезу нолон помол мекарданд.
Дар чунин вазъу ҳол фавҷи саворони сарсипоҳ Кратер рўдро убур карда даррасид ба корзор. Қалбу талояи мақдунӣ низ расид.
Ҳалқа гирифтанд лашкари Порро. Зи нав оғозид ҷанг, хунин ва сангин шуд. Роҷаи Пор миёни чашмонаш сурати хунолуди писар девонавор шамшери обдори ҳиндӣ меронд ва найза меандохт душманро. Савори пили кўҳтан шамшер ба ҳар ҷониб меронд ва наъра мезад, то ҳиндуҳо паси сар ба душман надоранд, балки шерона биҷанганд ва марзу буми хеш аз омадагон ҳимоя кунанд.
Пили ў низ касони ҳалқа гирифта ва наздик омадаро ба хартум мезаду зери рафидаи суми бузургаш пахш мекард. Вале чун дар миён монда, пилаш роҳи рафт гум карда ҷувозак мегашт, ҳадафи хуби тирандозони душман низ гашта буд. Акнун тирҳо мерасиданд ба китфу бозуяш ва оҳиста-оҳиста мадораш суст мегашт. Нўҳ тир буд андар баданаш. Тан намедод. Ў аз ҳалқа бурун рафтан мехост; душмани пурзўри нохондаро зада, ба хок яксон карда раҳо ёфтанӣ буд. Ва баногоҳ пили пурзўри тамоми баданаш пур аз тир ҳамлавар шуд ба сўйи ҷануб ва сарбозони пеш омадаро задаву ғелонда ва сутўҳ карда, бурун рафт аз гирдбод...
Мурдаи хуногини ҷанговарон, лошаи асбону пилон пуштаҳо сохтанд андар канори рўдбори Гидасп. Искандари пирўз бояд шодмонӣ бикунад, вале чашм пўшид аз мурдаи беҳисоби насу нос. Ва сукут варзид, ки чунин бераҳмиву беадолатиро надида буд, нашунида буд, накарда буд. Се ҳазор савор ва бист ҳазор пиёдагони ҳиндӣ кушта шуданд, ки миёни онҳо ду пури азизтар аз кўки чашми роҷаи Пор низ буданд.

пешина
аз 411
навбатӣ