Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ҳеҷ яке аз ин ҳолатҳоро Искандар надид. Ҷон кандани Бусефали бовафоро низ. Надид, ки чун бо чашми бино ба чашми кафида нигариста он тири дардоварро дидан мехоҳад; оҳиста-оҳиста забон бароварда ба тири заҳрогин расониданӣ мешавад, то канаду афканад. Вале имконе нест. Пас тан диҳад, ки нотавонӣ чунин бошад. Натавонӣ озори тани хешро рафъ кунӣ.
Наъли дасти рост ба як мех андармон аст ва гоҳи рагу паяш ларзидан ва ё аз сардии замин баданаш вараҷа бароварда ҷунбидан наълу мех соиш хўрда садо диҳанд. Ва ў ҳамин чизро шунавад. Базўр ва хеле паст. Шеван, нола ва ҳам ово мерасид ба гўшаш, ҳолиё хомўш гашт. Ё ҷон доданд ҳама ва ё гўшаш қуфл зад, дигар зўру мадори шунидан надорад. Ва боз дарк кунад, ки ҷуз зину баргустувон чизе ҳаст андар паҳлўяш, ки ба паҳлў гаштанаш халалгор шавад. Ҷасади одамӣ барин.
Вассалом.
Дигар чизеро ёд надорад ва набинад, ки чун бузург шавад ҷасадаш. Худ аз худ дам мекунад ва пойҳояш тарангу рост мегарданд. Худоё! Ҳаммонанди мурдани Суқрот, ки худ чунин хоста, аз табиб заҳр хоста, дидаву дониста, хештан дар азоб мононда, омосида – аз пой варам карданашро дида, карахт шудани пой, миён, танаву дасту гардану сарро дида ва эҳсос карда, ноҷунбон мурда буд…
... Нафаси гарони Бусефал оби дами сўрохии биниаш мурдоб гаштаро пош дода натавонад...
Искандар чунин дарёфт Бусефалро. Савори асби бегона миёни мурдаҳои зиёди одамиву сутурон ва гардунаҳои воруна асби зебову хушгашту тезтаку рамузфаҳмро ҷуста омад ва онро чунин дида тангдил шуд ва нафас дар гулўяш печид. Пиёда гашта ба сари мурдаи ў нишаст ғамиву... чунон ки бародар сари ҷасади бародар. Оби дида кард чунон ки накарда буд ҳеҷ гоҳ. Ва як-як чид тирҳорову аз зеҳн гузаронд, ки метавонистанд ин тирҳо дар тани ў бошанд ва ўро дар чунин ҳол оваранд. Гоҳе ки аз дидааш сиришк мерехт ва намеёрист тири ба хонаи чашм нишастаро бигирад, нигарист ба ёронаш ва ишора кард Бусефалро бардоранд ва ба ҷое баранд, ки шаҳраке сохтан имкон дошта бошад. Ройзанҳо ва ройсозон гуфтанд, ки хубтар аз ин ҷойи фавтидааш ҷое нест.
Гўр кофтанд ва ёри бовафои ў Бусефалро гўрониданд тир андар чашм, то рўзе таърих гардад.
Пас шоҳ амр кард дар ин мавзеъ шаҳраке созанд. Сохтанд ва номашро Бусефал ниҳоданд.
Искандар базми пирўзӣ орост. Ҳама роҷаҳои зери тасарруфи хеш оварда, дороён, ҳакимону донишмандон, ашрофзодагон, ҳокимони маҳалҳо, ромишгарону раққосагон ва ҳар касе, ки ба зеҳну феълаш шишта буд, ҳузур дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор