Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Бе худи ў чизи ў, пили ў маро чӣ зарур? Сипоҳи ман гушна шудаст, ки пилони чашмтанги қарқини ўро кушта хуранд?!»
«Ба чунин мазмун нафиристода, шоҳи ҷаҳон. Барои он фиристода, ки рўзи ҷанг ба кор ояд.»
«Кадом ҷанг? Ҷанг тамом шуд, дигар ҷанг-панг нашавад!!!»
Садои баланди шоҳро аҳли толор шунида ҳайрону хомўшу ором монданд ва тавонистанд ба рўйи якдигар, ба чашми ҳам нигаранд, ки ин ҳарфи шоҳи лашкаркаш чӣ маънӣ дорад.
«Маст аст, сари мастӣ ҳар чиз гўяд...»
Баногўшӣ буд, ки як шуниду ҳазор на. Вале шоҳ оне нагузашта боз ба Пор рў овард:
«Ў туро кўмак кард, то зидди ман биҷангед ва имрўз маро садақа мефиристад...»
«На, шоҳи ҷаҳон, садақа набувад, балки хостае шоҳро.»
«Ту маро фиреб нахоҳӣ дод, Пор... Пўсташ хоҳам канд...»
Онҳо донистанд, ки шоҳи мақдунӣ сахт гирифта. Андаке суст шуданд ва завқи нишоту хуррамӣ аз димоғашон рафт; ҳайрон монданд, ки Искандар гоҳи базм низ интиқом ситонад. Гўё аз суст гаштани онҳо шоҳ ҷон гирифт ва хешро афшонд чун гўсфанди аз об баромада ва ҳушёр гашт.
— Мо ин ҷо ҷашн оростем, Кени сипаҳсолор канори рўди Гидасп сафинаҳо сохт. Боз хоҳад сохт, то моро ба уқёнус барорад!
Ба чӣ маънӣ гуфтани шоҳро нафаҳмида ҳама муштҳо ба ҳаво бардошта фарёд заданд ва шоҳ Искандар афзуд:
— Вале то он рўз фурсат зиёд аст! Мо бояд аввал Гангро убур кунем!
Аз нав хомўши хомўш монданд ҳама ва касе наёристӣ андеша бигўяд.
— Вилояти Таксил ва музофоти ба тозагӣ ба итоат омада аз они роҷаи Таксил бувад. Пори шуҷоъ волии мулки пешин мемонад ва сиву ҳафт шаҳру ноҳияе ки ба тасарруфи мо даромад, ба хиттаи ў пайванд мегардад. Вале доди худ аз Абисар хоҳам гирифт!
Искандар пароканда сухан мегуфт, ки ҳеҷ гоҳ чунин парешон ва берабт ҳарф задани ўро надида буданд:
— Ҳиндустон дар он ҷо! – бо ангушти ишора сўйи ҷанубу шарқро нишон дода фармуд шоҳ: — Дар он ҷо. Дар он сўйи Ганг!
Доройӣ низ дар он ҷо. Мо бояд ба он сў биравем...
Ин ният ва армони навбатии шоҳ Искандар ҳамаро гулўгир кард. Дилҳо пур, синаҳо моломоли сухан, эътироз ва саркашиҳо, аммо касе чизе натавонад гуфтан. Ўро ҳушёр карданд, ки ҷойи чунин суханҳо набувад. Чунин масъаларо сарони ҳарб бояд ройсозӣ кунанд.
Ва Искандар баъд аз фароғату андешаҳои зиёд сарони сипоҳ, сарфавҷҳо ва ҷанговарони номдору кордонро фаро хонда, нақшаҳои ояндаро пеш овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор