Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандар ғалабаи пурра медонист чунин ҳолро ва сар мешикаст, ки эшон бипазирад ё на? Хеле андешид ва бурун омад аз сарой. Аввал нигарист ба осмон, ки ҳаво соф асту беғубор.
Фараҳбахш. Нафаси тўлонӣ кашид ба рў овард ба эшон:
— Чӣ ҳоҷате афтод, ки пушаймонӣ доред?
— Ҳоҷате набувад, шоҳ, ҷуз ҳоҷати Ватан. – пеш баромад сафедмўе аз сарбозон.
— Пас, озодед, биравед!
— На, шоҳ! Мо бе сарвар куҷо равем? Агар ба Мақдуниё баргардем, «Чаро бе шоҳ омадед?» нагўянд? Онҳо моро хомохом хўранд, шоҳ.
— Пештар куҷо будӣ, ки ошўбгаронро боздорӣ?
— Сарбозон ошўб накардаанд, шоҳ.
— Кӣ ангехт онҳоро?
— Касе наангехта, шоҳ. Онҳо ёди Ватан карданд ва рафторашон нозе буд пеши шоҳ.
— Ман зоғсорам!? Ақле надорам, ки ба чунин ҷунбишҳо ва бехгўшиҳо сарфаҳм равам?
— На, шоҳ, чизе набуд, ҷуз ёди Ватан!
— Рост бигўй!
— Ростӣ ин аст, ки чун шоҳ аз баҳри мақдуниён гузашту порсиёнро «табор» хонд, сахт алам кард ҳамватанонро.
Аз чӣ буд, ки об ҳалқа дар чашми Искандар зад. Ў пеш омад.
Сарбози пирро ба танг кашиду бўсид ва фармуд:
«Шумоед табори ман...»
Ва сипоҳиён тохтанд сўйи шоҳ, то ба бўсааш муяссар гарданд.
Об баробар шуд бо лаби ҷўй. Комёб гаштанд тарафайн. Сарбозон ва сарфавҷҳои размафзор назди дари шоҳ афканда, ки раддаашон вайрон нашуда буд, рў ба пас гардониданд. Сарбози вопасин афканда силоҳ нахуст олоташро бардошт. Онҳо афзори ҷангӣ бозгирифтанд ва баргаштанд сурўдхонон ба қароргоҳ.
Сипоҳи тоза пазируфтаи порсӣ чизе дарёфт накард ва нафаҳмид, ки чӣ бозие буд андар миён, ки бод оварду бод бурд.
Онҳо танҳо тавонистанд мушоҳида кунанд, вале чизеро сарфаҳм нарафтанд, ки чӣ найрангҳое дорад шоҳи мақдунӣ.
Вале ҳамин чиз лозим буд Искандарро, ки баъди коҳишу андўҳи зиёд ва ҷонфишориҳои бемаънӣ, ситезу шўри дилгир, ғазаб кардану ба танг омаданҳо боз базм орояд, шодмонӣ кунад. Оғоз ёфт базми расмиву оштӣ. Искандар чизе нагуфт ва ду сипоҳро баробар ба базм хонд. Сипоҳи румӣ ва сипоҳи порсӣ баробар шодмонӣ доштанд. Ва инак ҳамаро якҷоя сипоҳи искандарӣ меномиданд. Искандар хешро дар ҳалқаи сипоҳи бузург дарёфт.
Гарчӣ дар лаб ханда дошт, дилаш хун мегирист ва касе огаҳ набуд аз чунин гиряи хунини ў ва ҳатто пай намебурд, ки шоҳ гиря дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор