Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиёд андешид, ки тамоми умр ин қадар фикру хаёл накарда буд. Қисмати хунини Пармониён, писаронаш ва ҳамрикобони зиёди шоҳ пеши назараш омад, ғалаёни зиёди фикру андеша ба ҷараёни дигар ҳаволааш кард. Ў хулоса баровард, ки аз зин бояд пиёда гардад, аммо аз рикоб пой кандан саҳл набуд. Хаёлан як пой дар замину пойи дигар андар рикоб гом мезад муаллақ; мегуфт боэҳтиёт, то набаранд ба шоҳ ҳар росту дурўғро. Тадбир ҷуст; танҳо бо сояи хеш ройсозӣ дошт. Ваъдаву паймон бо ў мекард, ки гарде андар хазина намонад ҳам, бояд ин мушкиларо ҳал кунад.
Илоҷи воқеа қабл аз вуқўъ, бузургписари хеш Кассандрро фиристод назди шоҳ Искандар. Аммо шаборўз миҷа таҳ намекард, ки ин ҳама чӣ саранҷоме гирад.
Чунон шуд, ки ба ҷойи Антипатр писар ҳозир шуд назди шоҳ:
— Паёму дурўд аз Антипатри бовафо шоҳи оламгирро!
— Такрор бикун!
Чунин пазиройӣ ва посухи шоҳ дар ҳайрат гузошт писари нобалади Антипатрро. Ў такрор карда натавонист суханро, балки ба сараш зад, ки кўтаҳие гузашт ва аз бетаҷрибагӣ надонист муомилаи фиристодагонро бо шоҳ.
— Магар ту Кратерро дучор наомадӣ?
Суоли шоҳ гарчӣ ногаҳонӣ ва аз дунёи дигар буд, Кассандрро бедор гардонд ва дурўғе гуфт:
— Дидам, шоҳ! Дар роҳ...
— Ҳммм... Яъне, ту аз тахти салтанати муваққатӣ афтидани падарат ва бар маснади шоҳӣ нишастани Кратерро надидӣ?
— На...нннна... надидам, шоҳ... бовар намекунам... Падарам бо шоҳ андар як пўстанд, чӣ гуна шавад... Антипатр ба ҳурмати шоҳ, ҳеҷ гоҳ тахтро насупорад ба касе, то даме ки худи шоҳ...
— Ҳамин тавр шуд! Худи шоҳ амр кард...
— Ин ҷо масъала ранги дигар дорад, шоҳи олам: тахту тоҷ аҳамият надорад, дўстии шоҳу Антипатр дар миён бувад. Падарам пас аз пайғоми зиёд фармуд, шоҳро расонам, ки саҳви бузург вазири дасти рост хондани Гефестион бувад...
— Чӣ, туву падарат дўстиву садоқати шоҳу Гефестионро манъ карданӣ ҳастед?!
Кассандр ғазаби Искандарро ва шўридану сурх гаштани Искандарро бори нахуст дид. Дарёфт, ки макру ҳиял, киноя, заҳрханда, морбозӣ ва ё ғазабу ситез коргар нахоҳад шуд. Ва фиристодаи бетаҷриба сипоҳигариву муғамбирӣ низ ба кор бурда натавонист, ки устухони шоҳ бо чунин унсурҳо шах шуда буд. Шоҳи доно низ аз ранг дигар карданҳои фиристода ва пайдо карда натавонистани сари калоба пай бурд, ки писари Антипатри маккор умеде дорад ба чизе; шоҳро кўдак пиндошта, содалавҳона сухан мегўяд:

пешина
аз 411
навбатӣ