Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Чу шири дамида, ки аз тораш оби сард рехта бошанд, фурў монду ором шуд. Ғунуд андаке. Шомгоҳ ба худ омад. Ва яқин кард, ки ҳалоҳил нахўрондаанд, балки дарди гузаро часпида. Аммо сўзад андарунаш. Даҳонаш хушк гардад ва талхиеро эҳсос кунад рўйи забони бенам. Нофор. Нофортар аз тамузи тобистон, ки андар биёбони беоб касро ба танг орад. Лаби об – ҳавои баҳр мехост дилаш. Бусефал зинда бошад, ки савор шавад ва асби рамузфаҳм рост барад канори рўд.
Сипаҳбадон, солорони дарёгард ва солорони сипоҳро он шом фаро хонд. Ройсозӣ карданд. Чу ба Неарх бештар бовар дошт, пеш хонд:
«Неарх, ту огоҳ ҳастӣ аз нақшаҳо; рўзи чаҳорум сипоҳ бояд ба баҳр барояд ва рўзи панҷум флот. Ҳамин тавр?»
«Ҳамин тавр, шоҳ! Халиҷи Порс, баҳри Араб ва дарёи Сурх...
Бояд гирди гетӣ бигардем...»
«...Лекин ту набояд маро фаромўш бикунӣ, Неарх!»
Неарх ҳайрон монд, ғамбода гулўяшро панҷа зад. «Хуб!» нагуфт, ки нотавонии шоҳро тасдиқ мекард ва шояд ўро сахт мерасид. Пеш омад Неарх, зону зад назди бистари ў ва чунон ки салому одоби шарқиро Искандар ба ҳама мағрибиён омўзониданӣ буд, бўсид дастони ўро.
Искандар даст бар дўши дўсти бовафояш ниҳод ба сипосгузорӣ, пасон мижа ба ҳам таҳ кард ва ишора, то Неарх ба пой шавад.
Неарх бархост, ҳолиё сараш хам буд.
«Магар умед аз ҳаёт канда?»
Оҳиста ва хеле рамзомез нигарист ба шоҳ. Шоҳе ки ҳама медонистанду ў низ донад, вуҷуд надорад, балки як ҷавони заҳир-
1 ранги нотавон андар бистари маризӣ аз «домана» абгор гашта бошад.
«Маро ба соҳили Фурот баред!»
Бурдандаш. Дар бўстонсаройи канори рўди Фурот, ки Бобулро бурида ба халиҷи Порс мерехт, ҷой карданд. Бўстонсарой бо кўшишу роҳбарии Гарпали хазинадор хеле обод гашта буд.
Барҳаво, форам ва дилкушо буд. Ҳавои форам расид ба димоғаш ва шоҳ худро лаҳзае дигаргуна эҳсос кард.
Филиппи пизишк ё аз тарс ва ё аз нодонӣ собит гардонд, ки дарди шоҳ ҷуз табларза чизе набувад. Тахминҳои мардум ноҷову носавоб бувад; зеро ў надида ва нашунида ва касе надонад, ки
- «Домана» – касалии дерёз, ки касро хаставу нотавон гардонад ва оқибат бибарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор