Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аз сару рўй арақ резад ҳам, нафасгардон бошанд ҳам; ҳатто дар ҷойи касиф муранд ҳам, розӣ, лек бояд мурдаи Ҳакимро пайдо кунанд. Ҳамон Ҳакими хандонро...
«Ёфтам!»
Ин садо ҳамаро кушт... «Аллакай кушта, оварда, партофтаанд.»
Рўгардон карданд. Худи худаш: хурдҷуссаи лоғар ва зардинаи мўйи сараш то рўйи абрў хамида.
«Вой!»
Садои баланди бародар баромад ва дигарон фиқ-фиқ гиристанд.
«Ба падару модар чӣ мегўям, Ҳаким!?»
Ва мурдаро берун кашиданд.
«Ҳаким куртаи ранги мошинаш сурхи нимостин дошт...»
Ба ин ҳарф диққат дода, дастчароғи камнурро наздик оварданд, нашуд. Мошинро ронда нури баланди чароғашро гиронданд ва қариб шинохтанд.
«Ин ба рус монанд-ку! Ин Ҳаким нест...»
Қомат боло гирифта оҳи ҷонфизо кашиданд, ки Ҳаким зиндаст...
Бародари ҷонсўз Халил он шаб миҷа таҳ накарда субҳ назди амакаш шоире омад, ки ягон-ягон мардони рўзгордида ва ҳолдонро медонист. Онҳо назди Писари Ота рафтанд. Номи падари Писари Ота бо номи падари шоъир як буд – Ҳамроҳ. Аз ин рў онҳо якдигарро Писари Ота ном мебурданд. Писари Ота дар даргоҳе кор мекард, ки ҳамаи командирон, роҳзанон, дуздон, ғоратгарон, каллабурон ва бадаъмолонро медонистанд. Чун ҳол бозгуфтанд, сар ба каф гирифт, андешид. Сигарет дуд кард ва гўшаки телефонро бардошта як-як ба ҷойҳое, ки медонист, занг зад. «Ё кори баччаҳои Намоз ё Ниёз, ё кори баччаҳои Гитлер
1 ва ё... ва ё Геббелс» Аз он тараф гўшаки телефонро бардоштанд, ки риштаи андешааш канда шуд. «Баччаҳои мо чунин кор намекунанд.» Аз ин даргоҳ ҳам сари хам баромаданӣ буд, ки телефони дасташ садо баровард.
«Ало!»
- Гитлеру Геббелс лақаб гирифтани сардастаҳои номаълуми роҳзану ғоратгар аз он шаҳодат медод, ки ҳанўз таъсири шиканҷаҳо ва бераҳмиҳои фашистони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ёдҳо ва назарҳо нарафтааст. Аз ин рў ҳар ғаддор ё ҷафокоре дар рўзҳои мудҳиш худнамойӣ кунад; хешро сардаставу саргурўҳ хонда, ба сиёҳкорӣ машғул гардад, лақабҳои бади бад насибашон мегашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо