Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не.
— Ду ленинободира дошта оварданд. Хешонаш дусад ҳазор ваъда карданд. Лекин сад ҳазор оварданд. Баччаҳо пеши чашми хешон ҳар ду асирро неши тир гирифтанд.
— Қумондон, ба номи Худо, тамоми хешу таборро ҳам фурўшем, чени гуфтаи шумо намешавад.
— Ман чум, амри Ҳазратай... Мехоҳӣ пеши чашмат пақ-пақ паронад?
Дасту пойи Халил суст шуд: «Бо инҳо шўхӣ карда намешавад... Чӣ фоҷиъаву кушторҳое ки шуд. Офтобро бо домон пўшида нашавад. Бояд ҳамаи он ном ба ном дар таърих сабт шуда бошад; дар дастгоҳҳои аксбардории телевизионӣ, дастгоҳҳои ҳавасмандии баччаҳо, дастгоҳҳои наворбардории касбӣ; дар ёду хотири иштирокчиён; пеши назари қотилон; оқибат дар назди Худо бояд ҳамааш равшан бошад».
Андешаҳои зиёд мағзи сари Халилро гиҷ кард ва садои мошини ларзонро намешунавад. Гумонаш шебро бе ҳеҷ гуна сўзишворӣ, пой пахш кардану газ додан ғелида меравад. Садояшро низ хўрдааст; як зиндагии орому осуда. Халили бахши ховаршиносии Донишгоҳи давлатиро хатмкарда забони онҳоро мефаҳмад. Гўё забони онҳо забони «Қуръон». Иддаояшон низ бар ҳамин, ки авом ин забонро намефаҳмад. Аммо Халил мефаҳмад. Як кўшиши Қуръонро ба тоҷикӣ гардондан ҳам карда буд. Дар дафтари калону фарбеҳ оя-оя тарҷума мекард... Ва имрўз донист, ки кирдору рафторе, ки инҳо мекунанд, дар ягон қуръон сабт нашудааст.
Шояд онҳо қуръони сохтаи хешро дошта бошанд, ки ому авом огоҳ нест аз чунин чиз ва ҳар чӣ онҳо гўянд ва ҳар чӣ фармоянд, бовар мекунанд. Корҳое, ки аз дасти табармусулмон меояд, дар китоби «Одамият» ҳам дучор намешавад. Фақат тасаллойи дил он, ки фарзандони Одам ҳам якдигарро кушта буданд. Мерос.
«Ў калтачае... Чӣ тавр забонат рафт, ки барои пул шуда, «пеши чашмат пақ-пақ парронанд» гўйӣ?»
Халил зиёд мехост, ки бо онҳо баҳс кунад. Сарчашмаҳои хунинро донад. Мусалмон гуфта номусалмонӣ карданашонро фаҳмонад. Дареғ, ки биринҷ оббардор нест.


Ҳаким метохту медавид; як чашм пешу як чашм пас медавиду метохт, ки аз доми асирӣ раст, ба доми бало гирифтор нагардад.
Парчи замин мегашт гоҳе ки мошине бо чароғи хира ё якчашма тир-тиркунон рў ба рў ё аз пас меомад ва мулойимхунукона ўро ҷуста, даргузар мешуд ва дили ўро аз хонааш мебаровард. Яқин аз арақи зиёд либосаш аз замин лой бардошт ва дигар дар танаш об намонд, ки лабонаш карахш баста, ҳалқаш хушк шуд.

пешина
аз 378
навбатӣ