Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дигар намешавад, ошно. Он тараф баландӣ, тела дода намешавад. Мошинро мемонем. Дастбанд дорӣ?
— Чӣ хел дастбанд?
— Ҳамон хеле ки ҳамроҳат ба дасти ман андохта буд.
— Дорам.
— Ҳардумон даст ба даст мешавем. Маро то хона мебарӣ.
Пулата мегирӣ. Акам бензин дорад. Оварда ба бакат мерезад...
— Шухӣ накун... Ё фиребам мекунӣ?
— Дидӣ, ки ягон мурда зиндаро фиреб карда бошад?
— Бисёр...
— Чӣ хел?
— Дар киноҳо нишон медиҳад-ку? Мурд гуфта меравад. Мурда зинда шуда, омада қасос мегирад.
— Онҳо ҳама бофта.
— Ҳамин рафтори моро ҳам ба ягон кас гуйӣ, сохта, бофта, муҳобот мегуянд... Рост мегуйӣ, ошно?
— Рост мегўям!
— Неее... Бензина?
— Рост.
Онҳо андаруни мошин даст ба даст шуданд. Гоҳи фуромадан сахт хандиданд. Зеро яке дар пеш, дигаре дар пас нишаста буданд ва даст ба даст баромадан имкон надошт. Дасти Ҳакимро раҳо кард милиса. «Боз наканад?» аз дил гузаронд.


1 Даст ба даст мерафтанд қад-қади рўди Варзоб, ки канораш роҳи мошингард дошт. Роҳгузарон менигаристанд ба онҳо. Ҳакимро сар хам буд.
«Командир, намешавад, ки ягон таксӣ гирем ва моро то хона барад?» якбора фармуд Ҳаким баъди андешаи зиёд, ки ҳанўз тарсу ларз аз танаш нарафта буд.
«Мешавад. Лекин пул надорӣ-ку?»
— Пул аз хона мешавад, командир.
— Дар чунин ҳоле ки мо дорем, таксиҳо қарор намекунанд.
Магар ки туро раҳо кунам.
— Ихтиёратон, командир... Ман намегурезам. Лекин ҳамин хел бошад, хубтар, чунки ҳанўз ҳам аз дуздон хавф дорам. Онҳо имрўз ҳам бошад, фардо ҳам бошад, маро дуздида сахт азоб медиҳанд.
— Азоб доданд?
— Худатон нағз медонед онҳоро.

  1. Ин рўд дар ин ҷо расида, Душанберўд ном мегирад — Бадкоранд.
пешина
аз 378
навбатӣ