Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Як ишора кунед, ҳамаашро худам мефаҳмам...
— Ҳааа... Агар ягон вақт сахт омада бошам, аз гуноҳам гузар...
Зан анг монд. Чӣ гуфтанашро надонист. Оҳиста лаби кати хоби шў нишаст ва дер хомўш истод. Шў низ хомўш буд ва ноҷо сухан гуфтанашро аз дурўдароз сукут варзидани ҳамсар пай бурда, андаке аз болин сар бардошт ва фармуд:
— Ту дигар хел фаҳмидӣ гапи маро. Дар омади гап гуфтам.
Наздик бошад ҳам, дур бошад ҳам, ин чизро гуфтан лозим. Зеро хизмати ту дар зиндагиномаи мо беҳамто. Ту ҳам кадбону будӣ ва ҳам кадевар – ҳам зану ҳам марди хона. Рўзгорро ту саришта кардӣ. Баччаҳоро бо услубу одоб ту ба воя расондӣ. Ман марди кўча будам.
— Худатон мегуфтед-ку, дар рўзгордорӣ мард ҷудову зан ҷудо кор намекунад. Вазифа ҳам тақсим намешавад...
— Ҳамин хел...
Ҳоҷӣ боз чашм пўшид. Ҳарчанд зан намехост чунин пўшидачашм дидан шўро, чизе нагуфта ва халале нарасонида ором нишаст, то чӣ ояд аз шўй. Ў дурўдароз пўшидачашм буд ва ниҳоят паҳлў гашта рўй ба девор овард.
Хаёлаш куҷоҳо рафт? Худаш донад. Боз мушкилоти роҳи ағба, ки қаламбадасте дар рўзнома «Зарафшонӣ, дар зимистон намур!»
навиштааст. Боз ҳамон мушкилот, ки аз ҷафои ҳамсоя фарзанд ба мурдаи зодагон расида наметавонад аз баста будани роҳҳое, ки аз офариниш зарафшониёнро боз буд. Хаёлаш гурехт ҳоҷиро:
«Хубаш, маро барад ба диёр сари вақт, ки бемориам, то баста шудани роҳи ағба, тўл кашида ва ягон кору ҳол шуда, баччаҳоро сарсон нагардонад». Аммо бо роҳи ағба ҳам рафтанӣ нест. Сарвода мекушад ўро. Ҳамон ҷое, ки Абдуҳалимро... Аз он манзил бўйи хуни писар меояд, ба машому майнааш расида якмарг мегардонад.
«Ҳарчанд ки кайҳо якмарг шудаам. Ё зиндаи мурда барин, ки ҳар гоҳ ёди писар кушта, зиндаам гардонад».
Баъди хўрдани доруйи хоб рў ба девор хобаш бурд. Мисли солҳои ҷавонӣ кўҳнавард шуд. Ба роҳи Сари Осиё равон шуд, аммо нагузоштанд убур кунад. Бегона донистанд, ҳуҷҷати зиёд ва пардохти боҷгарон пурсиданд. Чун Ҳоҷӣ ба чунин садду монеаҳо омода набуд, ҷуз тану рўйи тоза ҳуҷҷате пеш оварда натавонист.
Аз роҳаш гардониданд. «Бо ағба меравам. Сахт бошад ҳам, дар ҳамон Сарвода истода ба рўҳи раҳматӣ фотиҳа хонда мегузарам.
Ё мурам ҳам, дар паҳлўи ў мурам.» Азми фарозбаройӣ кард. Аз Зиддӣ боло шуд, ба тани ағба часпид. Бо мошинроҳа на, балки бо бузроҳаҳо ва пайроҳаҳое ки мардуми кўмоддарав ва ўғандарав сохта буданд, оброҳаро як қадам карда, хеле бардам ва чусту чолок мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор