Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Нашунид ў тапиши дили шўро, нафаскашиаш низ аён набуд.
— Мардак... Мардак... – андаке китфи ўро ҷунбонд зан.
Бемор абрў ҷунбонд, то зан донад, ки вай зиндааст. Аммо зан чунин ишораи ўро надида, ҷунбон-ҷунбон кард.
— Ҳа?
— Ҳамдиёратон узрпурсӣ омадааст.
«Чӣ гуна узрпурсӣ?» – албатта чунин пурс бо ишораи сар буд.
Бо вуҷуди он зан маъниро дарёфта матлаб изҳор кард.
— Кадом замон аз шумо пул қарз гирифта будааст. Ба пули кўҳна панҷоҳ ҳазор сўм. Мегўд, ки ҳисоб кунанд, ба пули имрўза чанд сомонӣ мешавад. Ман оварда диҳам.
Ҳоҷӣ даст ба рўй кашид.
— Ман ҳам ҳамин хел гуфтам. Гуфтам, ки ҳоҷӣ нашуда ҳама қарзҳоро бахшида буданд.
«Ҳамин хел» – боз ба ишораи сар гуфт шў.
— Биёрад, нагирам-а?
«Нагир».
— Ҳамин хел мекунам: намегирам. Дили ману дили шумо
– як.
Ҳоҷӣ рўйболо гашта ба чеҳраи зан нигарист ва лабонаш аз ваҷоҳат ва нигоҳи зан ларзид. Боз оби чашм кард. Аммо зан нафаҳмид, ки аз он ки қарздор намак ба ҷароҳаташ пошид, ашк равон кард ё аз он ки ў зиёдтар аз мард азият кашида, гунааш дигар шудааст; мўйи чаккаҳояш сафед. Дидаи меҳрубон дўхт ба чашму рўйи зан дуру дароз. Зан дарёфт, ки ў чизе гуфтанист, аммо намеёрад.
— Дилатон ягон чиз мекашад?
Шавҳар табассум кард.
— Ягон чиз гуфтанӣ ҳастед?
— Бисёр... аммо...
— Нағз бошад, гўед. Бад бошад, лозим нест.
— Ягон бор бад гуфта будам?
— Не-ю, одами нозук ба хаёлҳо меравад.
— Аз нозукиҳо чизе намондааст, занак.
— Худоро шукр, шумо нағз. Соҳибҷон мегўяд, ки баъди як ҳафта, иншооллоҳ, дирингас карда мегарданд.
— Бар падараш ҳазор раҳмат, одам аз ин зиёд намешавад.
Амакаш мегўяд, ки дар бораи ҳоҷӣ китоб менависам. Аз ў хоҳиш мекунам, ки дар бораи Соҳибҷон нависад. Бе дору бо муомилаву муносибат дардмандро бедард мегардонад.
— Ин хел касон барака меёбанд... Лекин ман пай бурдам, ҳарфи андешидаатон дигар буд. Лаҷомро тоб додед.
— Гап зиёд... аммо гуфта наметонам. Зўрам намерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор