Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

ҳама кирдорҳояшро дар назар дорад... намегўяд. Барои он намегўяд, ки баъзе корҳои ношоистаашро ҳатто ҳамроҳонаш намедонанд. Бародари хешро барои шоҳиди кушандаи хоҳарашон будан кушт. Ин каллакалон ном ҳам надорад, насаб ҳам; миллат ҳам надорад, ватан ҳам. Гумон меравад, ки зархаридҳои зангист. Ин ҳарфро қабул мекунаду аз канори Кофарниҳон буданашро намегўяд. Ҳоло пайваста дар сар забонзада карданист:
«Ман яке аз инҳоро намешиносам ва дар ягон ҳангомаву куштори инҳо шарик набудам». Чун ин ҳарфро гўяд, забони Қумондон ҳам мехорад: «Рўта сиёҳ кардӣ! Аличаро пўст кандагӣ кӣ буд?» Даҳони баста – сад тилло, мемураду онҳоро намешиносад.
Ҷондортарин андеша андешаи Қумондон буд, ки аз рўзи ба даст афтоданаш такрор мекард: «Ҳама асилони миллатро, агар фирор накарда бошанд, нобуд сохтанӣ будем. Аз рафту афти кор, ба мақсад намерасем». Аз ин рў дандони ў гиз чун шағоли хашмӣ; чашмонаш ҳаммонанди чашмони юзи сиёҳ нури чароғро бармегардонад. Ҳанўз ҳам ғурураш паст нашудааст ва ин ҳама тамошобин ва додвару додхоҳро ба як пули пуччак намегирад. Ба фикру дониши хеш як ҷавоб омода сохтааст: «Набудам, надидам, намедонам, намешиносам...»
Берун аз панҷара ҳам касоне ҳастанд, ки дандон гиз мекунанд қафасбудагонро. Зеро сагу гург аз як оила бошанд ҳам, аз сабаби ҷудойӣ ҳеҷ ба ҳам соз намегиранд. Якдигарро даррида натавонанд ҳам, баробари рў ба рў шудан ё пуршаст ба ҳам дармеафтанд, ё чашм ба чашм дўхта, зўрозмойӣ мекунанд; ғурридаву ситезида дангон гиз дошта, якдигарро гурезонданӣ мешаванд. Вале саг танҳо аз хавфи ба мол задани гург хоб ҳаром мекунад. Қафасбудагон медонанд, ки аз дасташон коре намеояд; ҳавола ба додгар мекунанд: «Шояд раҳмаш ояд...» Аммо хешовандони ноком қасди дигар доранд: «Агар додвар аламу қасди ҳамаро ситонида натавонад, додори бузург ҳаст». Муддаиёни пуралам чизи дигар хоҳанд: «ранге ки фарзанд ё шавҳарашонро куштаву нобуд сохта буданд; духтарашон ё занашонро бурда ба шиканҷа кашида буданд, ҳаммонанди он ба шиканҷа кашанд ин қотилону дуздону ғоратгаронро ва бо усулу тариқи куштаашон кушанд». Аммо додвару додгар рухсат намедиҳад. Зеро баробари андешаҳои онҳо дар ин толор боз касоне ҳастанд, ки рўймол сари абрў кашида оби чашм мерезанд ва ҳар гоҳ сўйи қонундонҳо теғи чашм мекунанд ба зорӣ, то ҳоли онҳо дида, раҳм кунанд ва шў ё фарзандашонро озор надиҳанд, раҳояш кунанд. Танҳо мардони яклухту худотарс ва солимақл зуъм доранд ба чунин писар ва бисёриҳо наомадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор