Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунки чунин умед надоштанд аз фарзанд: «Медонистам, ки чунин хунхор мешавӣ, дар шиками очат мекуштам...» Дареғу фусўс, ки аксари онҳо бепадар буданд. Ва то ин дараҷа расидан гўш ба ҳарфи модар намедоданд.
«Кӣ фармуд?»
Чунин як савол расид ба гўшашон. Аммо касе чизе нафаҳмид ва ягон нафар посух надод. Танҳо Қумондон пеши назар овард Ҳазратро. Лекин ягон бор нашунидааст, ки Ҳазрат дар бораи касе сухан карда бошад, ки «фармуд». Агар лозим шавад, «ҳамин корро ба ҷо овардан лозим» мегуфту мемонд ва Қумондон мефармуд ва дигарон моҳҳову рўзҳои зиёд аз пайи ин кор мешуданд.
Сайди нишон гирифтаашон рўзе ба дом меомад. Нашудааст, ки Қумондони дар қаду қомат аз асп пасту аз зин баланд сайди зери чашм кардаро ба даст наоварда бошад.
Қорӣ гўшаи чашм кард ба Қумондон. Қумондон ба назар рў тофт ва Қориро ғазаб омад, ки аз феъли бадаш намонд; зўр ояд, зуд аз ҳама чиз рўй метобад.
«Ягон нафари шумо ҳамин одамро мешиносад?»
Ҳама рў тофтанд. Як хароби мурдании сараш задагӣ аз пас ёронашро ба ду тараф тела дода, пеш гузашт. Рўй ба панҷара расонда зўри сар берун овардан кард ва гуфт:
— Ман мешиношам ўро... Ин як вақтҳо ҳамроҳи мо буд. Каллабури ашаддӣ буд. Номаш Гитлер.
Хандид аҳли зол. Довар кўба ба лаълӣ зад. Худи он қутканда ҳам хандид. Ўро пушт кашида ба девор заданд.
— Қумондон! Мешиносӣ ин одамро?
Қумондон ҳаммонанди қутканда аз панҷара сахт нигарист ва дер беҷавоб монд. Аммо чашм аз ў наканда, дар дилаш шинохт ўро: «Агар медонистам, ки ҳолу рўз чунин мешавад ва пеши ў ҳисобот медиҳам, дар ҳамон ҷо – пеши пойи Ҳазрат хун мекардам.
Лекин сад афсўс, ки одамӣ шири хомхўрда...»
— Нашинохтӣ?
— Не. Ман ин одамро дар ҳаётам надидаам.
«Дурусттар нигоҳ кунед, ҳама воқеаҳоро пеши назар оред, пас ҷавоб гўед!»
—...
— Бояд шиносӣ, Қумондон.
— Намешиносам. Шинохтан ҳам намехоҳам.
— Шумо, рафиқ Холиқов, он касро мешиносед.
— Ба назарам, мо якдигарро мешиносем. Вақте бародари гумгаштаро суроғу ҷустуҷў карда ба қисми ҳарбиашон рафтам, дар назди Ҳазрат ўро дида будам...
— Дурўғ мегўяд!

пешина
аз 378
навбатӣ