Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не. Ман дурўғ намегўям. Он кас дурўғ мегўяд. Ту ҳамон нестӣ, ки барои бародарам – Ҳакимро баргардонидан як милён доллар талаб кардӣ. Баъд ба ҳаштсад ҳазор фуровардӣ. Ҳазратат дасти хушк омадани моро таъна зад. Дурўғ?
— Албатта дурўғ... Лекин ман надонистам, ки имрўз бо ту рў ба рў мешавам. Ага не, дар ҳамон ҷо қаврата мекандам.
— Фаҳмо! – фармуд довар ва рў ба Халил овард: – Рафиқ Холиқов, боз кадомеро мешиносед?
— Ана он Қориро. Қории...
— Дурўғ мегўяд! Ҳаётан надидаам ўро!
— Иҷозат фармоед? – рў ба довар овард Халил.
— Марҳамат!
— Ту қории арақчинпўшро ба дастат завлона зада, милисаҳо ба корхонаи мо наоварданд?
— Ман намедонам корхоната!
— Рост, намедонӣ. Чунки туро баста оварда буданд. Маро ба ту Абдуҳаким гуфта, нишон доданд. Нагуфтӣ, ки «Не, вай аз ин харобтари зардина». Нагуфтӣ?!
— Не!
— Нагуфтӣ, ки аввал қасдатон ба ман буд. Баъд фикр кардӣ, ки маро гирӣ, кӣ пул медиҳад?
— Мо хато кардем, аввал туро гирифтан лозим буд!
Садои ба лаълӣ бархўрдани кўба омад. Халил боз рў ба довар овард.
— Агар мумкин бошад, як чизро аз Қумондон пурсам.
— Марҳамат!
— Рафиқ Қумондон, шумо ҳама ин ҷо сарҷамъ. Ҳазрат куҷо шуд?
— Ҳазрат ба Осмон рафт. – ситеза буд ё киноя, чунин посух дод Қумондон.
— Кай меояд?
— Рўзи Ҳисоб.
— Наздик будааст...


Хумори ҳавои Арчамайдон гирифт Абдуҳамидро. Ба хаёлаш он ҷо равад, ҳам дилаш кушода мешавад ва ҳам ба асписти Саратоғ гузашта, Самандро мебинад; таскину тасаллӣ меёбад, ки ҳамроҳу ҳампойи кўҳу конҳо ва чарогоҳҳояш дар амон будааст. Аз ин рў кас монд, то Забури кўҳбонро пайдо карда оранд ва якҷоя азми сафари Арчамайдон кунанд. Чун бародари Ҳоҷӣ – Абдувойизи хабаргирон аз Марғедар ба Панҷрўд рафту омад ва хабари пайдо набудани Забурро гуфт, Ҳоҷӣ пай бурд, ки дурўғин аст овардааш.

пешина
аз 378
навбатӣ