Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамоми ҳуҷраву роҳравҳоро хунин гардонидаанд.
Байрақи Зулмро аз тори сари қаср гирифта ба замин задаанд ва байрақи Адолатро ҳамчун тоҷ бар сари бом бардоштаанд. Қасрро ҳам «Адолат» ном гузоштаанд… Лекин ҳоло қомат рост накардаанд… Ёрии башардўстона зиёд меояд… Мақсад равшан?
— Равшан, Ҷосу. Яъне ҳадафи мо ҳамин «Ёрии башардўстона!»
«Ёрии башардўстона» алҳол дорўҳои кимиёвӣ ё партобҳои мўҳлаташон гузашта. «Гуруснаро кунҷола ҳам нон» гуфта фиристодан мегиранд. Лекин дорўҳои нодармон ба беморону эҳтиёҷмандон нарасида, дар дорухонаҳо ба фурўш мебароянд. Ҳатто одамони ба чунин дорўҳо дастдошта девори хонаҳояшонро зада шикаста, дорухона сохтаанд. Баъзе кайфиҳо «бар» ё дўкони шароб кушодаанд. Ҷосу рост мегўяд ба Росу: «Ин мардум фақат дору мехўрдаанд. Касал шаванд, шароб мезананд».
Дар байни аҳли ҷоҳ Роҷу чандон фаъол нест. Вазири нодон барин; ё Росу имконият намедиҳад, ки суханашро гўяд, ё мустақилона кор кунад. Сари минбар тарсидаву ларзида ҳисобот медиҳад.
Дар садорат, агар Росу нишаста бошад, даст болойи даст монда сурат мегардад. Маҷлис шабу рўз давом кунад, якзайл ноҷунбон мешинад. Ягон масъаларо ҳал карда наметавонад. Хоҷасаройи тапа-тайёр. Калиди ҳама кор дар дасти Росу. Пешвои ҳузарби якқавла, ки раияташ аз чанд мил дида дар танаш ларза медарояд.
Вагарна бо як хоби дидаи росту дурўғи ў дар ранҷу азоб ғўтида ба ин Сангистони сахт намеомаданд. Росу хушмуомила нест. Қаҳру ғазабаш зиёд. Гоҳи ғазаб мушҳои аз худаш хурду камҷонро аз сараш пахш карда бе ҳеҷ тайёрӣ ва сарсухан, гуноҳашро дайн накарда, ғаж-ғаж хоида мехўрад, то дигаронро ибрат бошад. Сонӣ лаб мелесад. Гўё навтарин усули ҷазо. Гўйӣ ҳама гуна куштор ва ҷазо, ки аз замони писарони Одам мондааст, кўҳна шудаанд.
Ақаллан гурбавор мушро бозӣ доронда – шўхӣ ба шўхӣ ҷонашро гирифта, нарму мулойим карда намехўрад. Гўё вай ҳаром мемурад.
Чизи ҳаромро хўрдан дар китобҳои муқаддас манъ карда шудааст. Лек дар ҳазор китоб ришваву пора, хунхорӣ, дуздӣ – ҳаром гўянд ҳам, Росу корҳои одатшударо давом медиҳад. Аз ҳадду садд, ки гузаронд, худиҳо мегўянд, ки кори ҳалол ва некӣ кардан Росуро ҳаром. Нигоҳаш бад; аз ду чашмаш оташ меборад. Бахусус шабҳо. Ин нигоҳи оташбор ба чашми мушон бархўрад, худро канор кашида, чанд муддат дар пинҳонгоҳҳо ҷо шаванд ва хавфи сахтро пай баранд, сўйи душман гузаранд. Росу ин чизро донад ва баъзан нарму мулойим гашта бо онҳо муомилаи хуб кунад то ба даст овардан. Росу ба ном яктову ба сурат бисёр. Онҳоеро, ки Росу фармуда ранг карда, қаҳваранг гардонидааст, мушони худӣ шиносанд ва ба сураташон чандон эътибор надиҳанд. Ин ҳам замоне буд, ки Росу фармуда аз дўконҳо ранги хурмойӣ оваронд ва он ранг, ки тамом шуд, аз мағозаҳои парфюмерӣ ранги хурмоии занона дуздиданду ба тани каломушҳои қаду басташон гирогири Росуро бо мўқаламҳо молиданд.

пешина
аз 378
навбатӣ