Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мўй дароз шуда ранги хокистарии мушон рўй занад, боз ҳинову ранги мўйи занонаро истифода мебурданд. Ҳамон вақт ҳам мушони огоҳ писанд намекарданд, ки ин Росуҳои сохта. Аз ин чиз дасисабозон ва худширинкунакҳо ба Росуйи ғазаб мерасониданд, ки фалон тиррончак Росуро бад гуфт ё дашном дод; «ҳаромхўр» гуфт. Росу мўйлабашро панҷа мекашид. «Раҳойӣ нест!» Аз ин рў Росу Роҷуи муросокори танҳо ғами ҷони худ мехўрдаро бад дид. Вале илоҷи корро ҳоло пайдо накардааст. Усули ҷазои хешро ба кор барад, Роҷу дар даҳонаш намеғунҷад. Ҳаром мемурад. Ва як қатра хунаш ба замин намерезад. Он гоҳ ин чизи ҳаромро қай карда наметавонад. Зеро одат накардааст. Баъд хуб нест пеши назари ҳама хўрдаро қай кардан; ҳаром шудани хўрдаро пай мебаранд.
Росу ангораҳову ҳаммонандони худро ба ҳар сў тақсиму вазифадор кард, ки бинанду назора кунанд. Аммо дилаш пур нест, ки ин шикамбузургони нохондаву нодон аз ўҳдаи кор мебароянд ё на. Зеро ин нодидаҳои гурусна ба хўрдану хоидан дароянд, ҳама чизро фаромўш мекунанд; зебосанамеро ба даст оранд, ҳафтаҳо аз гармоба бурун намешаванд. Ин чиз ғазаби Росуро зиёд мекунад.
Ў аз кохи зеризаминӣ набаромада, бо айшу ишрат машғул бошад ҳам, дасисабозҳо меоранд ҳар хабарро.
Росу дар кўдакӣ одатҳои бад надошт; ҷаҳлу ғазабро намедонист. Ҳар чӣ очааш ёд дода буд, ҳамон мекард. Як чўбчаро медод, ки хоида хароб кунад. Вақти кўр ва луб-лучи модарзод ба дунё омаданаш не, чун мехоидагиву мехўрдагӣ шуд. Сонӣ донак, чормағз, кулўх медод, ки сўрох кунад. Бо чунин корҳо машғул шуд Росуча ва ба шикофтани девору сандуқу хамма ва кунҷу паҳлўи дару тиреза, бурҷи хона даромад. Дузд шуд. Корҳои муқаррарӣ буданд он нағмаҳо. Баъд ба бонку амонатбонкҳо роҳ ёфт ва чандин бонкиру мудирро хонасалот кард. Зеро онҳо худ медуздиданду ба гардани муш мезаданд. Ҳамин хел тўҳматро Росу ба гўшаш шунид ва ба сўрох кардани говсандуқҳо даромад; шабу рўз қитир-қитир мекард, ки ҷуз посбони ба ҳама дуздиҳо шарик каси дигар он садову сарирро намешунид. Инҳо ҳама кори муш.
Аммо Росу дар ҷанги Ҷануб барои нишони Генералро дуздиданаш чунон азоб кашид, ки мурад ҳам, аз ёдаш намеравад. Сахт ҷазо доданд: «Ҳама медонанд, ки мо – дузд. Аммо нишони Генералро дуздидан…!» Ҳамин қадар гуфтанду оҳанро дар оташ сурх карда дар рўйи росташ доштанд, ки дуди мўву пўсту гўшташ ба осмон баромада, оташ ба ҷону устухонаш расид. Ҳарчанд дод зад, ки «Ман рўзе генерал мешавам ва мехоҳам, ки нишони ин Генерали Бузургро боифтихор дар сари китфам бардошта гардам!» гўш накарданд. Боз афзуд рўйи дардмандашро дошта: «Охир, инҳоро бо нағзӣ пурсӣ, ки бидеҳ!

пешина
аз 378
навбатӣ