Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро ҳоло чунин мошинҳо набаромадааст, ки он деворҳоро шиканад. Як-ду деворро барои арматураш шуда путку боткон зада дидаанд. Дастҳо обила карда, ягон дастаи путк намонда шикастааст; ҳатто дастаҳои оҳании кафшеркарда.
Баъзе хонаҳояш бомпўш. Дарича кушода, бемалол зиндагӣ кардан мумкин. Ба мо дарвозаи мошиндаро чӣ лозим?»
«Тамоман лозим не, Ҷосу. Ту ҳастӣ, хор намешавам.»
«Роҷуятонро кай гашта мефиристед?»
«Ту вазири дасти рост шуданӣ-а, балоча?»
«Не-не! Кори худам нағз. Шавқовар. Вазир шавам, бо ман гап ҳам намезанед».
«Чӣ хел?»
«Чунон ки бо Роҷу».
«Охир, вай – кулўхи баччашм!...»

3

Шаҳрро муш пахш кард. Он қадар худсару бебок буданд, одам он тараф, мошину аспу харро ҳам писанд накарда, аз пасу пеш ё миёни пойҳо гузар мекарданд. Зеро онҳо бори дигар аз ризқи тақсимкардаи парвардигор намонем, гуфта, зайле мерафтанд, ки ронандаро сари фармон хоб бурда бошад. Валек аз миёни чархҳои мошин раҳо ёфтанашон гумон буд. Зеро ронандаҳо низ аз ризқи пагоҳӣ, насибаи саҳар намонем, гўён помонак пахш карданро медонистанд; мошин, мусича, ғук, баъзан мор, ягон-ягон одамро ҳам намедиданд. Рўйи роҳҳо мушон рўдаашон аз даҳон омада, пачақу маҷақ, думашон аз қадашон дарозтар часпида буданд.
Ва роҳҳо ифлос, мурдор ва ҳаром метофтанд чун шаҳри кўҳнаву ҷангзада, ки занони зардинапўш аз нарасидани нон корпартойӣ карда, шаҳрро то ба ин аҳвол расонида бошанд. Бўйи ғализи хуни гандида меояд; ҷо-ҷо бўйи хуни сўхтаи димоғгир, бўйи гўшти пухта; бўйи ғинҷ; тааффуни шаҳри офатзада. Ин чизро мушҳои омада намедонанд. Шаҳриён медонанд. Ин ҳамон дастаи ҷомапўш
– ҷомаи зирабеқасаб, ки раиси собиқ аз кадом мамлакати дигар киро карда, шабохун ба шаҳр зада буд. Аз надонистани усул ва роҳу равиши ҷанг сарбозони ноогоҳро талаф дода худаш ба дом афтода буд. Касе пайдо нашуд, ки мурдаҳои гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳравҳо ва роҳҳои мошингарди хиёбонро гирад. Зеро аз омадан ё сар бароварда ба мурдаҳо нигоҳ кардан метарсиданд.
Дида шинохтан ҳам осон набуд. Зеро кадом рўзноманигори нотарс рўйи мурдаҳои ҷомапўши дамкарда хобидаро бо рўзномаҳо пўшидааст. Он шабу рўзҳо шаҳр фалаҷ гардида буд. Ва касе дар кўчаҳои шаҳр намегашт. Рўзноманигорони хориҷӣ аз рўйи бомҳо ё тирезаҳои хонаҳои баландошёна сурат мегирифтанд. Яке аз онҳоро тири снайпер зада аз пушти бом рўйи роҳрав афканда буд.

пешина
аз 378
навбатӣ