Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Бўйи бад аз ҳамон рўз боқӣ мондааст. Чунки ин шаҳри куҳан дар ҳавзае ҷой гирифтааст, ки бод гардон намешавад ва дуди ҳама гуна сўхторҳо болойи шаҳр вобаста ба вақту фазо ва рафти Офтоб: меғосо, хокистарзада, сафедча, дудмонанд, тира, нимҳолу бунафшаранг метобад ва баъди борону барф осмон менамояд бо ранги худаш. Зимистонҳо рўйи барфи хобида дуда меборад; ҳавояш дилгир аксар вақт. Шояд бўйи дилбеҳузуру ғашовар аз ҳамон рўзҳо боқӣ монда бошад, ки боди саргардон аз шаҳр бароварда натавонад.
Ҳама ҷо нақши пойи муш: андар гарди орди суфраи бевазан, дар гилу лойи навандуда; андар бетону сементи наврехта, ки шояд таърихи ба ин мулк лашкар кашидани Росу сабт гардад; дар хоку нармхок ва гарди роҳ, андар реги канори рўду наҳр; рўйи сангу роҳҳои қирпўш; фаршу мафраш; рўйи хокистари танўру ошдону дегдон; рўйи мизу курсӣ ва дафтару китоб; ва ҳама-ҳама ҷо.
Мондааст сақфу шибдори дижу кохҳо, тамаддунхонаҳо, кўшки ҳунар... мондааст сақфи Фалак. Ин ҷонварони резапо аввал коху қасру дижҳо ва меҳмонсароҳои олиро, гўйӣ барқасд, доғдор карда буданд бо панҷаҳои хунӣ, равғанӣ ва гилолуду мурдорашон, ки бо рўфтан зудуда намегашт. «Мурғро пой бад, мегуфтанд, мушро дандон». Зеро мурғ дони рехтаро низ тит карда хўрад; аз даруни дони рехта боз чизе ҷўяд; чунки аз даруни порўву хокрўба низ бо ёрии пой рўзӣ пайдо карда хўрад. Аммо муш чизи пеш омадаро хояд, рабояд, дуздад, хўрад. Пуле, ки шумурда натавонад ва ба савдояш сарфаҳм наравад, ба хафолаш кашонда рах зада монад; чунонки доро дар сандуқ; корчаллон дар дипломат. Валек дандони тезу бадаш чу дандони арра пулро низ пешарра гардонад; хоидахоида ҳамчу моли гаргин безебу қарқӣ созад, ки чўпон аз ранги рўяш безор бошад. Ажғову пулакчадор ва лабонаш мисли лаби хорчи пўсида сиёҳгашта ё ҳаммонанди рўйи офтобзада пазиши моҳӣ дорад: дилнокаш; безеб, ғашовар. Остона, паҳлўдарӣ, лаби корсону табақҳои чўбӣ, чумчаҳои урфӣ низ арразада; донаку чормағз, донаи кадуву шафтолу сўрох; кашку қурут дандонзада; нонҳои ба бурдан зўрашон нарасида мушхой ва ё андар даҳонаи сўрохи муш андармон. Пайи дар чошу ғилбору парвизан, белу шоха кашидаву тобида низ реза-реза; шикамбаи равғану тулум ва ҳатто шикамбаи айрони чўпон пора-пораву хўрда. Дар музофот чунин аҳвол. Дар шаҳр ҳар чизе ки ба дандони муш рост омад, дандонзада; ҳатто пойафзору чарминаҳо...
Шаҳри ҷавон шаҳри ғораткардаи сипоҳи Искандар, лашкари араб, тохти Чингизхону Темур, қарлуқу балуҷиву қатағанро монад:
ҳама чиз дандонзада, тирхўрда, панҷахарош, сўхтаву ворафта, валангор ва хушки беоб. Охирин восўхтаҳо дуд мебароранд. Аммо аз ҷонибе, шояд аз Кохи Ҳунар бод садои дафу доира меорад ва мушҳои дербоз базму усул накарда ба зарби дасти доиранавоз мерақсанд; бештар гўшу дум ва мўйлаб меҷунбонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор