Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўйӣ аз миён боло ҳаст, аз миён поён нест. Ҳарфаш якто ва онро тўтивор такрор мекунад: «Ба парзандталаб парзанд тияд…» Дили роҳгузар ба ҳоли ў сўхта, хам шуда ба латтаи густурда танга ё пул мегузорад ва бо дили обу адо, ки савоб шуд, ба аёдати бемор меравад. Рўзе ҷойгузини раиси бонки давлатиро ба ҳоли гадо дил сўхта, пул дод: «Дуъо гўй, беморон шифо ёбанд» ва гирифтахотир бирафт. Гадо донистаро такрор кард: «Ба парзандталаб парзанд тияд». Чунки дуъои дигаре намедонист. Умриқул ҳам дар ҳамон қатор; асояшро ба қаддаш дароз хобонда, паҳлўяш гўё аз бемадорӣ дароз мекашад; фўкаш дар замин, кафаш кушода. Дар ҷойи дигар мебинӣ, ки тохта мегардад. Ана ин ҷавонзан ҳам, ки шонздаҳ ё ҳабдаҳсола метобад, росто як картонро ба замин меандозад, як лағат зада, ба ҷойи хостааш меорад. Калўшро ҳам зери пояш рост мекунад. Ба касе ё чизе эътибор надода, тори кафшу картон менишинад. Пойҳои осўхтаашро шалона мегузорад. Синаи сиёҳ аз чоки гиребон бароварда ба даҳони кўдаки сарлучу пойлуч ва баъзан то миён бараҳна ва фискашол гузошта, як рўймолчаи қарқини дирўз аз ҳамин ҷо бо пул печонида бурдаашро чун дастархон мегустурад. Бисёриҳо ҳайкалосо рост истода, сару рўяшон пўшида, даст ёзида меистанд… Тамоми маводи бозор ва фурўшандаҳои он гўё дар ин ҷо ҳастанд. Фақат мушони бегона аз буни хонаҳо, бехи дарахтон, бештар аз зери қубурҳои намаду тунукапечи замоне оби гарм дошта сар бароварда дилу гурдаи пешомадан накарда, тамошо доранд.
Ҳама азоб тани бемордор: хонахез ҳам меоянд. Рўйи харакҳо, сабзаҳо, буни дарахтон кўрпаву болин оварда, шаббош меистанд.
Ташвиши зиёд ба сар аз дорухона ба дорухона, тавсияномаи пизишкон дар даст, метозанду пайдо мекунанд ё на; дўкондорҳо «Инашро – седуксинро аз пойтахт ёфтан мумкин» мегўянд ва меафзоянд: «Агар дар шаҳри урус одаматон бошад, пайдо карда мефиристад!» «Аааа…Ташаккур! То он рўз бемор сабр мекарда бошад?» Баъд… Ҳамин ки аз по монданд, даст ба рўй мекашанд:
«Ҷонашро халос кард!»
Муовини раиси бонк баргашта омад. Чашм сўйи гадо, ғам гирифта, ки то хона чун равад бепо? Ҳамин вақт гадо ҷаҳида хест ва сўйи ҷавоне рафта вохўрд ва ҳазлу шўхӣ кард. Муовин пойи рафт боздошт. Ҳайрон нигарист ба ў ва ба ҷойи нишасташ; бетони обгузар шикаста буд ба андозаи даҳони сатил. Картону ҷомаи абгор буд андар чоҳак... Мудирро аҷаб омад аз чунин найранг ва пеш омада ба гадо нигарист; ғаш кард: «Ҳайфи одам...»

4

Росуро хуш омад вайронаҳои заводи Қир. Зеро ба ҳар ранге,
ки хоҳад, сохта, зиндагӣ карда метавонад. Аз бўйи гандидаи Мурдахона дуртар.

пешина
аз 378
навбатӣ