Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ва ҳам ба тарзи рўзгузаронии мушон мувофиқ. Сўрохиву хафолашонро чашми офтоб набинад ҳам, аз ҳар гуна бало эмин медорад. Ҳоҷати девор шикоф кардан нест. Пайи дарҳои канда ва ё аслан нашинонида имкон медиҳад, ки хона ба хона ҷавлон зананд. Зеро Росу зерхонаи аз ҳама фароху барҳаворо соҳиб шуд, ки тахт ва дигар чизҳо, аз қабили оинаву ҷевон ва кату диван ва курсиҳои шоҳона ҷой гирад. Ҳама хонаҳоро соҳиб шавад ё ба табораш тақсим кунад ҳам, касе чизе намегуфт. Ба ҳар ҳол бо ҳамин хонаи кушод қаноъат кард ва хонаҳои шафатро ба ҷондорону посбонҳо ва хешону наздикон бахшид. Ҷосуву Роҷуро аз байн манзил дод, то аз ҳама бурду бало огоҳ бошанд. Мушобеҳону ангораҳоро паси девор, дар хонаҳои бедару тиреза ҷой гиронд, то як ҷо будани шоҳу ҳамбашараҳоро касе набинад.
Росу хаста буду ғамӣ, ки беҳуда Сарраммолро гурбавор аз сараш хоида хўрд; пеши назари ҳама, пурсу посух накарда, ғаж-ғаж хоиду хўрд, то ҳамаро дарс шавад. Тарси мушон баъди чунин фоҷиъа зиёдтар шуд. Аммо Росу пушаймон, ки беҳуда кард; хоби дидааш дурўғ: дар ин мулк на коҳ пайдосту на дона. Ҷосу ҳамин қадар овард, ки дар ин мулк гиёҳе нест ва кашоварзон аз бенавойӣ, дошта бошанд, коҳ мехўранд. Мири мушон боз худро зиёд сарзаниш кард дар дил. Ва ба ҳама мушобеҳонаш фармуд, ки даставу гурўҳҳоро сарвару раҳнамо гашта ба кишвари офатзада парешон шаванд; ҳар чӣ пайдо кунанд, биоваранд ва чӣ хеле ки тавонанд, зиндагӣ кунанд. Расман чунин фармоиш гирифта буданд. Инак пеши роҳи мушони гуруснаро чизе гирифта наметавонист. Зеро то имшаб мушон ба омўхтан ва донистани ҷойҳои махуфу нозук ва мазорҳои бешафоат машғул шуда буданд, ҳоло озодии мутлақ гирифтанд; турктозӣ мекунанд. Зеро ин лашкар яке аз ҳамон қавмҳо буда, Қатаған ном дорад. Як бори дигар ҳам ба ин сарзамин тохт оварда аз сари мардуми маҳаллӣ калламанора сохта буданд. Ин дар аҳди Қадим буд; китобҳои ҳикматро сўзониданд; ин қисса даҳон ба даҳон омада, дар зимистонҳои қаҳратуну шабони Лайлатулқадр момоён набераҳои сармозадаро ба банди дил пахш карда қисса мекунанд, ки аз ин ҳам рўзи сахттар буд.
«Ба ҳамааш шукр бояд кард!»
Гулоб мегўяд, ки як донишманди куҳансол ба бемористони онҳо афтода, ин қиссаи Дунёи Қадимро шунида, охирин нафасҳояшро ҷамъ карда оҳиста-оҳиста гуфтааст, ки ин афсона нест. Аз китоби «Тоҷикони …» хондааст.
Ҳолиё Росу бояд хоб равад. Чун ў хаста, ошуфтаву парешон ё ғамӣ гардад, бояд хоб равад. Агар дигарон бо майхорӣ, бангзанӣ, папироскашӣ ё ягон нағмаи дигар ҳолатҳои ноҷўрро аз тан ё димоғ бароранд, Росу хоб карда, ноҷўриҳоро аз тан рафъ мегардонад. Ҳамон хоби сархўри дидааш ҳам аз бобати қаҳтӣ ва гуруснагии солҳои ҷанги «Нафс» ё «Сагона» буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор